Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аъзои маҳалла онҳоро хабар намекарданд, ба саломашон баъзеҳо ҳатто алек намегирифтанд. Инро шунида хешу табори зан ӯро миёнагир мекунанду мегӯянд, ки агар бачаро аз кӯи бад гардонида, модарвор меҳрубонию парасторӣ накунад, онҳо ҳам пои худро аз хонааш бармекананд ва ба хонаи худ роҳ намедиҳанд. Модари ӯгай ба як тараф, падар ба тарафи дигар бачаро ҷустуҷӯ карда мераванд. Он рӯз воқеаи дигари ибратангез рӯй медиҳад. Модари ӯгай хеле роҳ гашта, бачаро наёфта, дар ҳавои гарм ташна монда, аз як бачаи кӯза дар дасти «оби худой»-деҳ як коса об мепурсаду вай мегӯяд:
— Ман шуморо шинохтам. Шумо модари ӯгаи фалонӣ ҳастед, ки аз зулматон вай гурехта ҳайрону саргардон шуд. Ман ба шумо об намедиҳам...

Зан гиррёну нолон ба хона меояду ба шавҳар мегӯяд, ки агар писаратро ёфта наоӣ, ман меравам. Таънаю маломати мардуму яккамахавӣ ба ҷонам расонд. Бачаро меёбанд, силаю сипа мекунанд. Мешӯянду мепӯшонанд ва мехӯронанд. Вай аз ин меҳрубонию ғамхорӣ шод шуда, тарки оворагӣ кард ва ҳоло дар мактаб мехонад.

— Бо ин ман чӣ мехостам бигӯям? — пурсид Мирзошариф Раҷабов ва худ ҷавоб гуфт: — Дар тарбияи бачагон роли ҷамъият бузург асту дар натиҷаи ин дар шаҳри мо ҳатто дар солҳои қаҳатию қиматӣ ҳам бачагони бепарастор ва овора нисбатан хеле кам буданд. Аммо муаллимони мӯҳтарими оянда, худи шумо хуб медонед, ки хонумонсӯзӣ, ғоратгарӣ ва қатлиомҳои босмачиён, алалхусус дар деҳот бисёр бачагонро ятиму бебонӣ кард. Онҳо дар ҷустуҷӯи ризку паноҳе ба шаҳрҳо фуромаданд. Ҳарчанд, ки мо аксари онҳоро ба хонаҳои сағирон бурдем, хӯрондему пӯшондем, аз мурдан монондему ҳоло мехононем, ҳанӯз бачагони бепарастори сарсаригард ҳастанд, ки дар тибату табиати онҳо майлу хоҳиши худсарона гаштан калон аст. Танҳо шӯъбаи мо худи ҳамин сол сӣ нафари ин «мурғони озодро» хуни ҷигар шуда ба сағирхонаҳо ҷой намуд. Мо ҳамеша аз аҳволи онҳо хабардор шуда меистем. Бо тарбиятгарону муаллимони онҳо рафтуомад ва машваратҳо дорем.

Дар тасаввури ман то он вақт милиция як қисми қувваҳои мусаллаҳи мамлакати мо буд, ки аввалан

пешина
аз 447
навбатӣ