Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай ким-чиҳо гуфта, маро ба хонаи хобам бурд. Ёд дорам, вай лампаи керосинии хонаи маро дармегиронд...
Баъд, дар ёдам мондааст, маро ба хоб кардан ташвиқ мекарду ман саркашӣ карда ба куҷое рафтанӣ, бо касе хархаша карданӣ мешудам. Як замон чашм кушоям, муовини декан дар рў ба рўям истода, бо тамасхур, балки бо ғазаб ким-чиҳо мегўяд. Ҳаминаш дар хотирам мондааст, ки мақол мегуфт, аз қабили устод чӣ гуна шогирд намуна ё ба ҳамин монанд.
Сонитар ба ман ҳикоят карданд, ки ба вай хеле суханони пасту баланд гуфтаам, шикамсерон, гўён дашном додаам.

Фардояш дер аз хоб бедор шудам. Рўз чоштгоҳ шудааст. Атроф сокит, бачаҳо ба саҳро рафтаанд. Исрофилзода ҳам наменамуд. Агар ин лаҳза вай рў ба рў шавад ҳам, ба рўяш туф намекардаму, аммо як-ду даҳан мегуфтагиамро гуфта мегирифтам. Не, гуноҳи вай не... Ман худам гоҷ... Эҳ...
ҳамон рўз ҳодисаи шабонаро ба ёд оварда, қариб буд, ки девона шавам.
Одамизод тар аст, дуд мекунаду намесўзад. Аз кирдори худ чунон алам мекашидам, ки чӣ кор карданамро намедонистам. Ба ман ҳолате рўй дод, ки беихтиёр ба мехи чароғовези болор нигариста мондам. Арғамчин ҳам ёфт мешавад... Ман аз ҳастии худ, аз одамони наздик, аз ҳама чизи дунё нафрат карда, худро радди маърака, ба ҳеҷ кас нодаркор, муҷиби ҳар гуна тамасхур мешумурдам. Марги ман боиси тамасхур мешаваду бас. Номус гиребонгири ман буд.
Баъд дар бораи Рухсора фикр кардам. Ба вай нағз намешавад, баръакс, болои сўхта намакоб мепошам. Агар ман худро ягон кор кунам, боз валвала мехезад. Мегўянд, ки дар ишқи ҳамин духтар худро ҳалок кард. Вай дигар ба ҳеҷ кас аз бинӣ боло гап зада наметавонад. Ҳама маломаташ мекунанд, ки аз барои ту шумдидор ҷавоне худро ба куштан дод. Аҷаб не, ҳама аз вай ҳазар кунанд... Балки баръакс... «Духтаре, ки фалонӣ дар ишқаш сўхта, худро овехт, ҳамин аст», гўён ҳар як ҷавон ба вай хушдору талабгор шавад?.. Марги ман барои Рухсора шикасти калон мешавад, беадолатӣ, берамӣ... Не, ин хел номардона мурдан намехоҳам... Охир ману вай сарфи назар аз монеаҳо, ноумедиҳо якдигарро дўст медорем. Беҳтарин ва хушнудтарин лаҳзаҳои умри ман ҳамон аст, ки бо вай будам... Ба ҷуз вай, балки ҳеҷ кас баъд аз вафот дар шаҳр аз буду набуди ман ёд намекунад. Ҳа, ҳеҷ кас ёд намекунад... Не, Инобат-чӣ? Инобатро ба ёд овардаму рўҳам боз қадре кушода шуд. Чӣ хел духтари ҳалиму меҳрубон, дўсти беғараз ва дилсўз... Не, барои наҷоти худам падару модари пирамро сўзондан, Рухсораи меҳрубонро ноком карданам ноодамӣ аст...
Садои ғурриши мотори мошин маро аз ин андешаҳои ғамангез ба худ овард. Аз тиреза нигаристам, ки мошине пахта бор карда, аз тарафи хирман меояд. «Ба пункт пахта мебарад», аз дилам гузашт. Тозон ба сари роҳ баромадаму мошинро нигоҳ доштам. Баъд ба хона омада, чизу чораамро баста, ба даст гирифтаму ба кабинаи мошин нишастам. Баромада рафтани маро ҳеҷ кас надид.

пешина
аз 91
навбатӣ