Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Хок гирӣ, аз ҳамин хел хоктўдаи баланд гир, мегўянд. Гуфтам, ки хоки вай хоктўдаи баланд ба ман даркор набошад ҳам гирам?.. Баъди он ки онҳоро ноумед кардам, дадаам маро дашном дода, гапҳои сахт гуфтанд. Ман ранҷида, дар сари қаҳр аз хона баромада омадам... Хайр, сонӣ баъди ду ҳафта боз ба деҳа рафта, ба дадаам узр гуфтам, фаҳмондам, ки аз як ҷо андаке умедворӣ дорам. Ин гап дар моҳи август буд...
Дар пахтазор ману Рухсора дар ин хусус хеле фикр карда, оқибат вай ба хонаашон рафта, авзои падару модарашро фаҳмида омаду гуфт, ки ихтиёратон. Ман ба деҳаамон рафта ин розро боз ба ҳамон Ҳамид гуфтам.
Вай дар бадали ду рўз гапро пазонда, дадааму амакамро розӣ кард, ки ба хостгорӣ раванд.
Рўз торик шуд. Аз раҳпоӣ тори чашмонам канда шуду ба хона даромада, чизу чораи парешони дадаам ва амакамро ба тартиб овардам. Сипас як чойник чойи кабуд дам карда, бо дасторхон печонда мемондам, ки онҳо пасопеш «ассалому алайкум», гўён аз дар даромаданд. Аз табассум даҳони ҳар дуяшон ҳам ба гўш мерасид. Ман аз авзоашон барори корро пай бурда бошам ҳам, саволомез ба амакам нигаристам.
– Кор пухт, додарам! Хотирҷамъ бош, –гуфтанд он кас сару либосашонро кашидаравон.
Падарам ҷомаю маҳсиашонро кашида, дар диван паҳлу заданду гуфтанд:
– Марди хушфеъли яклухт барин. Он кас падари Рухсораро дар назар доштанд. Мамнун табассум кардани дадаам маро хурсанд кард. Барои ман розигии падару модар, хурсандии онҳо мукофоти баланд аст. Аммо ҳоло хурсанд шуданамро ҳам намедонистам, хурсанд нашуданаро ҳам. Ким-чӣ хел бовариам намеомад. Ҳеҷ намефаҳмам ба ман чӣ гап шуд, бо умед хостгор фиристодам, онҳо мушкиламро ҳал карда омаданд, аммо дили ман ғаш. Ба назари ман чунин менамояд, ки ин савдо ба ин осонӣ набояд ҳал шавад. Хислатҳои аҷибе дорад одамизод! Боз кӣ медонад, баъзан дили кас ҳам гувоҳӣ медиҳад.
Онҳо аз тафсилоти гуфтугузорашон хеле ҳикоя карданду сипас амакам ба ман рў оварда гуфтанд:
– Қарор ҳамин шуд, додарам, ба пешамон шарт монданд. Аввало, аз шаҳр ҳавлӣ мехарӣ. Ба ин хонаҳои қабат ба қабатат зан намедодаанд. Хўш, ки бошад, сонӣ мўҳру васиқа карда, навишта медодаӣ, ки аз шаҳр кўчида ба қишлоқат намеравӣ. Ҳавлӣ ба номи занат мешавад, – баъд ба дадаам рў оварда гуфтанд: – Одамони ғалатӣ, ҳавлӣ ба номи зан бошад, аз ҳавлӣ дил канда рафта наметавонад, мегуфта бошанд?
– Худо медонад дар дили онҳо чӣ гап аст, –гуфтанд дадаам ғарқи андеша чойи пиёлаашонро ҳўп кашида.
– Аз куҷо, ба кадом пул ҳавлӣ мехаридаам?
– Парво накун, хуб гўю тахт ист. Ҳавлӣ гўянд, хешу табор пургарием, як бало мекунем. Ягон рўз пулдор шавӣ, қарзатро меканӣ. Қарза меканӣ, зан мемонад. Аз шаҳр ба ягон гўристон намеравам, гўён хат карда те. Ун сунаш боз худо подшоҳ аст. Нону насиб медонад. Ман хешоната дилпур кардам:
«Гиред, ҳамин як писарамонро ба шумо додем!» гуфтам... Э, инҳо дарди бахайр, қалинашона намегўӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё