Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
- ХОСТГОРӢ
Тирамоҳ дар тарафҳои мо фасли аз ҳама дилфорам аст. Субҳидам ҳаво чунон соф мешавад, ки олам дар назар монанди ҷоми булўрини нафисест. Ба ман чунин менамояд, ки он аз камтарин беэҳтиётӣ ва ҳаракати дурушт ҷарангос зада садо мебарораду сукути дилнавози он мешиканад. Офтоб монанди фасли саратон, гўё аз кўраи оташ берун меомада бошад, суп-сурх, хунобаранг не, шафақ монанди сўхтори азим ними осмонро фаро намегирад.
Не, субҳи тирамоҳ ором, поку мусаффо, офтоб монанди лаълии нуқрагин аз паси дандонаи қуллаҳо оҳиста берун меояд. Тирамоҳ рўзҳои гарм бисьёр, аммо дар нимаи дуюми он шабу саҳар кас бо либоси тунук хунук мехўрад.
Насими сабук аз ҷониби кўҳ мевазаду дар бадани ман мурғак медамад. Дар оби ҷўй дасту рўй мешўяму ба дуродур нигоҳ мекунам. Дар осмони зарҳалӣ пора-пора абрҳои сафед беҳаракат истодаанд. Онҳо аз дур ба хирманҳои пахта шабоҳат доранд. Тирамоҳ ҳаво соф, осмон соф, оби рўдҳо ҳам соф, ҷўшу хурўши баҳориашон фурў нишаста, гўё полуда мешаванд.
Агарчӣ табиат дар тирамоҳ сокит ва хаёлангез аст, одамон пуркор ва сертараддуданд. Тирамоҳи кишвари мо, махсусан пурташвиш аст. Тамоми ҳосили дар саҳро расидаро ғундошта, саранҷом кардан кори саҳл не. Ба ёрии деҳқонон шаҳриён, сокинони деҳаҳои кўҳистон, донишҷўёну талабагон меоянд.
Ин тирамоҳ донишҷўёни институти моро аз ҳарсола барвақттар ба пахтачинӣ фиристоданд. Ҳамроҳи шогирдон як қисм муаллимон ва дигар кормандони институт ҳам ба пахтачинӣ омаданд. Факултети мо дар колхозҳои райони Вахш пахта мечинад. Дар аввал мо як гурўҳ кормандони гуногункасб ҳамчун дастаи алоҳида бо донишҷўёни курси чорум дар маркази колхоз, дар назди штаби факултет будем. Истиқоматгоҳамон ҳам, хўрокамон ҳам бо муаллимони штаб якҷоя буд. Аммо аз миён ду ҳафта гузашт ё не, сафи мо ҳам, сафи муаллимони ба гурўҳҳои донишҷўён раҳбарикунанда ҳам тунук шуд. Онҳое, ки ба нияти сайру ҳаво омада буданд, бо сабабу баҳонаҳои гуногун ба шаҳр рафтанд.
Гурўҳи Рухсораино аз деҳкада дур, дар паси теппаҳои навободе пахта мечид. Дар давоми як моҳ ўро фақат як бор, шабе ба магазини деҳа барои харид омаданаш дидаму бас. Бегоҳирўзиҳо аз пахтачинӣ баргашта, дар оби ҷўй шустушў мекардаму ба як канори боғ рафта ба сўи он теппаҳо бо ҳасрат менигаристам, хаёлам ба ким-куҷоҳо рафт.
Донишҷўёни курси сеюм бераҳбар монданду маро ба сари онҳо фиристоданӣ шуданд, аммо баҳонаҳои бетаъин пеш оварда, рад кардам. Дар дилам гуфтам, ки агар ба гурўҳи Рухсораино фиристанд, кўр шавам, меравам. Ўро бениҳоят ёд карда будам.
Ин гуна имконият фақат дар охири мавсими пахтачинӣ даст доду маро ба муддати се-чор рўз ба сари курсҳои якум фиристоданд. Барои дидорбинӣ ҳамин басанда. Аммо баъди чор рўз Исрофилзода аз шаҳр баргашта маро иҷозати баргашта омадан надоду дар ҳамон ҷо ҳамчун табелчӣ мононда гуфт, ки ҳисобу китоби пахтаи чидаи донишҷўёнро ба тартиб оварда, ҳаққи онҳоро аз колхоз рўёнда диҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё