Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Баъди супоридани имтиҳони давлатӣ чор кас як бор даромада, кам-кам аз шаробаш нўшидему сонӣ пуламон нарасида, қариб шарманда шуда будем, ки хайрият, аз факултети ветеринарӣ як бача даромада омаду аз вай қарз карда ҳисобу китоб кардем. Пештар чойхона ҷои сўҳбату вохўрӣ, ҷои истироҳату дилкушоӣ буд. Ҳар як маҳалла чойхона дошт, мардон аз кор омада, бегоҳӣ вақташон холӣ бошад, ба чойхона мебаромаданд.
Сўҳбат, чақ-чақ, ошхўрию ошпазӣ, муҳокимаи хабару воқеаҳои нав, шоҳмотбозӣ, рўзномахонӣ, хулласи калом, чойхона вазифаи чандин муассисаи имрўзаро анчом медод. Ба назари баъзеҳо ҳамин чойхона ҳам нишонаи феодализм барин намуду пасопеш дарашро бастан гирифтанд. Яктанимта мондагиашро ҳам аз маҳаллаҳо дур бурда, боз чунон модернизатсия кардаанд, ки ҳеҷ напурсед... Чойхона гўянд, оҳангсози пир Самимӣ ба ёд меоянд. Дар кадом мавзўъ гап зананд, дар суханашон «чойхона» ҳаст: «Дина аз чойхона баромадам, ки...», «дар чойхона менишастам, ки...» ва «як бегоҳ ба чойхона набаромада, дар хона менишастам, ки...». Рўзе шўрои бадеии Иттифоқи бастакорон операи нави як бастакори ҷавонро муҳокима мекардааст. Оҳангсозон ба асари нави ҳамкасби ҷавони худ хеле эродҳои ҷиддӣ гирифтаанд. Сонӣ мўйсафед Самимӣ сухан гирифта, боз гап аз чойхона сар кардаанд: «Гўш кун, ман ба ту ҳанўз ду моҳ пештар дар чойхона гуфта будам…» Чунон ханда шудаст, ки ҳеҷ монед.
Ман бо ҳамин андешаҳо беихтиёр рафта, хонаи Манучеҳрро кўфтам. Вай дар назди оина пасу пеш гашта, либоси пўшидаашро бо диққат аз назар мегузаронд. Агар ҳозир гўянд, ки шаҳрро сел мебарад, вай бофурҷа либосашро мепўшад. Дар либоспўшию либоскашӣ шитоб кардани ўро ман дар тасаввур ғунҷонда наметавонам.
– Марҳабо-о-о, эй ҷўраи ҷон, марҳабо-о-о! – аз рўи одат вай бо созу тарона, артиствор даст кушода, ба таъзим хаму рост шуда, маро пешвоз гирифт. – Аҳволи шариф? Табъи латиф?
– Дилтангам, чӣ кор карданамро надониста, ба хонаи ту сар халондам.
Хайрият гўям, ё ба ягон ҷо равонаӣ?
– Ман омадаам ба хонаи ту, эй дўст, куҷо равонаӣ ту? – ин дафъа ҷавоб аз ким-кадом як опера омад. – Ман на фақат камар бастаю дасту остин бар зада, ҳатто бандҳои туфлиамро аз се ҷояш сахтакак баста, ба хизмати ту ҳозиру нозирам, ҷўраҷон! Баъд вай аз мўю рўй ва сару танаш қаноатманд шуд магар, дар рў ба рўи ман ба курсӣ нишасту ба чашмонам чашм дўхт: – Хўш, ба куҷо?
Ба боғ? Рақс мешавад. Намехоҳӣ. Маълум. Рақсида наметавонӣ. Шарм медорӣ. Сонӣ... аз ун кас ҳам метарсӣ.
– Ман гуруснаам. Аввал ба ягон ошхона даромада, хўрок хўрем-чӣ? Ана, сонӣ ба маслиҳат ягон кор мекунем. Мусулмонӣ ба шикамсерӣ, мегўянд.
– Э, барвақттар ҳамин гапатро намегўӣ! Ҳатто банди туфлия набаста, аз хона мебаромадам! – вай гапҳоро ба як оҳанги махсуси худаш, на ҷиддии ҷиддӣ, на ҳазломез чунон мегўяд, ки нахандида илоҷатон нест.– Шаби якшанбеи беташвиш, ду шиша пиво, ё ягон... «шишаи май дур аз он лабҳои майгун мегирист, то дили худро каме холӣ кунад, хун мегирист», – боз ба тараннум даромад вай.
Мо ба ошхонаи боғ рафтем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё