Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
– Барои ин кас сабақ мешавад, аз маслиҳатҳои онҳо баҳра мегиранд, – ҳамон ба тарафи ман нанигариста, ғурунгос зад Обидӣ. Ҳоло вай тану тўши ниҳоят фарбеҳашро ба курсии роҳат партофта, бемалол сигарет дуд мекард.
Ёдам омад, ки чӣ гуна Обидӣ ба мо дар курси сеюм дарс мегуфту боре мудири кафедра бо як нафар меҳмон ба дарс даромаданд. Аслан, ин корашон чандон дуруст не, пешакӣ таъкид накарда, яку якбора даромада, муаллимро саросема карданд. Обидӣ мавзўи аз дафтар хонда истодаашро ба як сў монду шараққӣ гапро ба аҳамияти яхобмонӣ бурда, аз ин хусус гап задан гирифт.
Мо ҳамаамон медонистем, ки яхобмонӣ мавзўи рисолаи номзадии муаллим аст ва онро гаштаю баргашта шунида, безор шуда будем.
Вақте ки Ҷўразода меҳмонро гирифта, ҳамроҳи ман ба синф даромаданд, рости гап аввал дасту по хўрда, ду-се дақиқа худамро гум кардам, нафас дар гулўям печида, суханам нимғурма мебаромад. Хайрият, сонӣ худро ба даст гирифтаму машғулият нағз гузашт. Дар танаффус ба хонаи муаллимон даромадам, меҳмон бархоста ба назди ман омад, дастамро фишурда ҳолҷўӣ кард ва қаноатмандона ба Ҷўразода гуфт:
– Муаллими нағз мешаванд. Мавзўъ диҳед, кор кунанд. Ба кори илмӣ ҷалб кунед... – Сонӣ ба ман рў оварда гуфт: – Агар хоҳед, ба аспирантураи институти мо биёед.
Ташаккур кардаму гуфтам, ки дар ин хусус бо муаллимам маслиҳат мекунам ва ба Ҷўразода ишорат намудам.
Баъди чанд рўз Ҷўразода ҳам он таклифи меҳмонро ба хотир оварда гуфтанд:
– Ин хел таклиф гирифтан барои ҳар як мутахассиси ҷавон мукофоти калон аст, аммо ин мукофотро ба шумо намедиҳем. Шумо дар ин ҷо заруртар.
Вале аз кадамҳои аввал маълум буд, ки муҳити маънавии ҳозира дар институт густохию баъзе худсариҳои маро намепарварад. Ман аксар дар олами андешаҳои худ, нисбат ба атрофиён беэътино муомила мекунам, ки инро аллакай нафоронда истодаанд. Рафиқам Манучеҳр, ки панҷ сол ҳамроҳ дар як курс хондему хислати маро нағз медонад, баъзан омада, маро насиҳат мекунад. Ҳис мекунам, ки вай гапҳои дигаронро дар ҳаққи ман шунида, сари вақт огоҳ карданӣ аст. Аммо чӣ чора, одамизод аз ақида ва бинишу фаҳмиши худ ба осонӣ даст намекашад. Баъзан дилтанг мешаваму фарёд карданам меояд: маро ба ҳоли худ монед!
Бо донишҷўёни курси дуюм машғулияти семинарӣ доштам. Сардори ин гурўҳ дар институт яке аз ҷавонони фаъолу ташкилотчӣ буда, қариб ягон ҷамъомад ва чорабинии донишҷўёни факултет бе фаъолияти вай намегузашт.
Дар аввал ба машғулияти ман иштирок накард, сабаб овард, ки бо ким-чӣ хел чорабиниҳо машғул аст. Сонӣ, дар яке аз машғулиятҳо ба саволе ҷавоб доданашро хоҳиш кардам. Маълум шуд, ки вай тамоман аз ин гапу корҳо бехабар, ба дасташ китоб нагирифтааст. Аз дилпурии беасоси вай ман ҳайрон, аз ҷасорату бебокии ман вай дар тааҷҷуб буд. Баҳои «ғайри қаноатбахш» монда, гуфтам, ки ҳамаи мавзўъҳоро пурсида, сонӣ баҳояшро ислоҳ мекунам. Ҷои он, ки дар пеши синф ҳамчун сардор барои семинарро тайёр накарданаш шарм кунад, баръакс вай бо ситеза ба ман тундӣ кард.
Ҳайрон шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё