Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Одам дуздӣ мекунам гўяд, ба дузд мол каҳт не, – гуфтам ман аз он мард нафратам омада.
– Рост мегўед, додар, –Оқилов суханашро давом дод: –Ҳозир ин хел дуздия дуздӣ ҳам намегўянд. Бовар кунед, ҳеҷ айб не. Баъзеҳо даромад надошта бошед, писанд намекунанд, «одами ношуд, аз дасташ набиёд, чӣ кор кунад, барои сиркоталабӣ ҳам лабу лахча даркор», мегўянд. Порсол дар чойхона мешиштем, як амаки дурам пурсид, ки дар куҷо кор мекунам. Гуфтам, ки дар матбаа. Ҳамон вақт дар матбаа дуредгар будам. Вай чӣ мегўяд: «Ҳа, дуруст, ҳар рўз даҳта рўзнома барорӣ ҳам, ду тинӣ-бист тин, пули як нон», – Оқилов хандидани маро дида, пурсид: – «Чӣ бовар намекунед? Нон занад... – Сонӣ ранҷида рафтани Ҷаводзода ба ёдаш расиду гуфт: –Муаллим ранҷиданд-чӣ?
Ҳозир рафта аз дилашон мебарорам, –вай бо ҳамин суханҳо аз палата баромад.
Бегоҳӣ духтари Ҷаводзодаро дар таги дар дидаму вай хоҳиш кард, ки падарашро гўям, бароянд.
Ҷаводзода, ҷойпўшро ба сар кашида, пинак мерафтанд. Мўйсафед ҳамин хел: гоҳе гапзадаравон хомўш мешаванду сонияе нагузашта, фиш-фиши нафасгириашонро мешунавед. Ба сарашон рафта, оҳиста бедор кардам.
– Дар берун духтаратон ба шумо интизор. Бегоҳирўзӣ хоб накунед, сари одам вазнин мешавад.
– Кӣ интизор гуфтед? – он кас чашмонашонро молида-молида паҳлў гаштанду такрор пурсиданд.
– Духтаратон.
– Ҳа-а, садқаи сар, – баъд барои хотирҷамъ кардани ман гуфтанд: –Парво накунед.
– Рафта гўям, ки мунтазир бошанд ё?
– Парво накарда шиштан гиред. Монед, лаънатиҳо…
Ман дар ин гуна маврид чӣ хел рафтор карданро надониста ҳайрон мондам. Бо Ҷаводзода он қадар наздик ва роздон нестам, ки «чӣ гап шуд», гўён пурсам, ё маънии ин гуна рафтори ўро донам. Ба миёни падару духтар даромадан нағз не. Андешидам, ки боз ба дилаш ягон гап наояд. Гуфта намешавад. Сипас, ба сари миз нишаста, ба даст рўзнома гирифтам. Чашмам ба рўзномаву ҳушам ба духтари муаллим, ки падарро интизорӣ мекашид, банд буд. Аҷаб не, хавотир шавад. Ё гумон мебарад, ки ман ўро фиреб кардам, омадани ўро ба падараш нагуфтам. Рост мегўянд, ки баъзан муйсафедон кўдак барин инҷиқ мешаванд. Хайрият, ин лаҳза Оқилов аз дар даромад.
– Бароед, духтаратон нигарон, –вай рост ба сари муаллим омада, ба чашмони он кас маънидорона нигарист.
Ҷаводзода даст афшонда монд.
– Хезед, бароед-е! Шумо ҳам акнун ноз кунед! – вай рўзномаро аз дасти муаллим чанг зада гирифт.
– Овора нашавед, намебароям. Баромада гўед, ки равад.
– Нағз не, дилашон алағда мешавад.
– Дониста кор кунад!
Оқилов қадре хомўш истоду баъд пурсид:

пешина
аз 91
навбатӣ