РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Хатми Қуръон
Дар бораи хатми Қуръони карим дар намози таровеҳ дар байни мактабҳои фиқҳӣ ду нуқтаи назар вуҷуд дорад. Имом Молик (рҳ) онро суннат намедонад. Дар назди ҷумҳури бузургони ҳанафӣ намози таровеҳ суннати муаккада, бо ҷамоат гузоридани он суннати кифоя ва як бор хатм кардани Қуръони карим дар моҳи Рамазон дар намози таровеҳ низ суннати ғайри муаккада мебошад, то мардум лоақал дар соле як бор дар моҳи Рамазон тамоми Қуръонро бишунаванд. Имом набояд аз рўи танбалии қавм хатми Қуръонро тарк намояд.
Аммо миқдори оятҳое, ки дар ҳар ракъати намози таровеҳ хонда мешаванд, ба адади муайяне маҳдуд гардонида нашудааст, балки он ба ҳоли намозгузорон бастагӣ дорад. Агар имом дар ҳар ракъат даҳ-ёздаҳ оят бихонад, Қуръонро дар зарфи як моҳи Рамазон ва ё чанд рўз камтар аз он хатм менамоянд. Дар китоби «Мудаввана» омадааст: Умар ибни Абдулазиз қориҳоро амр кард, ки намози таровеҳро барпо доранд ва дар ҳар ракъати он даҳ оятӣ бихонанд».138 Имом Ҳасан ибни Зиёд аз Абўҳанифа (рҳ) низ хондани даҳ оятро дар ҳар ракъати намози таровеҳ ривоят кардааст.139 Адади ракъатҳои намози таровеҳ дар тамоми моҳи Рамазон бинобар бисту нўҳ ва ё сӣ будани он шашсад ва ё панҷсаду ҳаштод ракъат мебошад.
Вақте дар ҳар ракъат даҳ-ёздаҳ оятӣ бихонанд, ба адади оятҳои Қуръон, ки аз шаш ҳазору дусаду чанд (6236) оят иборат аст, баробар мешавад.
Вале беҳтар он аст, ки ҳар шаб дар бист ракъат як пораи Қуръонро хатм намоянд ва бо ҳамин дар зарфи як моҳ як хатми комил анҷом гирад. Ин миқдор ба ҳоли ҳар гуна намозгузор мувофиқат мекунад. Аммо, агар намозгузороне тоқати бештар дошта бошанд ва ду бор ва ё се бор Қуръонро дар моҳи Рамазон хатм намоянд, он низ ҷоиз ва хуб аст.
Рав намози панҷ вақт, эй марди кор,
Бетааллул боҷамоат мегузор!
Гар бувад молат, закоти мол деҳ,
Рӯзаи сирӯзаро бар худ бинеҳ!
Иститоат гар бувад, бигзор ҳаҷ,
Вар набошад, нест бар ту худ ҳараҷ!
(Асирии Лоҳиҷӣ, Асрору-ш-шуҳуд)
138 Абўабдуллоҳ Молик ибни Анаси Асбаҳӣ, Мудавванаи Кубро. – Ҷ. 1. – С. 287. Бейрут: Дору содир. Минбаъд: Мудаввана; Зафараҳмад Усмонии Таҳонавӣ, Эълоу-с-сунан. – Ҷ. 3, бахши ҳафтум. – С. 80. Бейрут: Дору-л-кутуби-л-илмия, 1997. Минбаъд: Эълоу-с-сунан.
139 Алоуддин Абўбакр ибни Масъуди Косонӣ, Бадоеъу-с-саноеъ фӣ тартиби-ш-шароеъ. – Ҷ. 1. – С. 645. Бейрут: Дору эҳёи-т-туросил-арабӣ, 1997. Минбаъд: Бадоеъу-с-саноеъ; Эълоу-с-сунан. – Ҷ. 3, бахши ҳафтум. – С. 80.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё