Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Бахши дуюм

Паёмбари акрам (с) мефармояд:
«Касе (моҳи) Рамазонро аз рўи имон ва ба умеди савоб рўза дорад, гуноҳони гузаштааш омурзида шаванд»
Дар ҳадиси дигар мефармояд:

«Касе (шабҳои) моҳи Рамазонро аз рўи имон ва ба умеди савоб барпо дорад, гуноҳони гузаштааш омурзида шаванд».

НАМОЗИ ТАРВЕҲ

Хуҷаста боду муборак қудуми моҳи сиём,
Бар авлиёву аҳиббои шаҳриёри аном!
(Низории Қуҳистонӣ, аз Деҳхудо)

Худованд мефармояд:
«Воқеан ҳам он мўъминоне растагор ва муваффақ гардидаанд, ки дар намозашон хошеъ ва фурўтан бошанд».118
Хушўъ ва фурўтанӣ яке аз шартҳои қабули ибодат, ба хусус намоз ва омили растагорӣ ва комёбии шахси намозгузор мебошад. Намоз ҳам, ки муҳимтарин василаи илоҳӣ дар сохтани шахсияти инсон ва муассиртарин равиши полоиши нафс ва тазкияи рўҳи ў мебошад, вақте натиҷаҳои матлуби худро медиҳад, ки хушўъ ҷавҳари онро ба вуҷуд оварда бошад. Хушўъ бояд ҳам дар ҷавориҳ ва аъзои бадани шахси намозгузор таҳаққуқ ёбад ва ҳам ботин ва қалбашро фаро гирад. Хушўъ дар аъзо вақте ҳосил мегардад, ки оромиши нисбие дар анҷоми рукнҳои намоз риоя гардад, яъне намоз бояд на бо тезӣ ва суръати аз ҳад зиёд, балки бо оҳистагӣ ва эътидол ба ҷой оварда шавад.
Хушўи ботинӣ дар намоз ба маънои ба ёд овардани азамату бузургии Худованд ва эҳсос намудани ҳузури Ў дар қалби худ мебошад. Намозгузор бояд эҳсос намояд, ки вай дар пешгоҳи Худованд қарор гирифтааст ва бо Ў роз мегўяд ва аз Ў баровардани ниёзҳои худро мехоҳад.
Ин маъно вақте барои намозгузор ҳосил мегардад, ки оятҳои Қуръонро бо диққату тааммул дар намоз тиловат намояд. Пас шахси намозгузор бояд барои ҳосил намудан ва нигоҳ доштани ҳузури қалб ва мақоми олии намоз кўшиш намояд.
Вақте моҳи Рамазон фаро мерасад, фурсатҳои нотакроре дар ихтиёри бандаи мўъмин қарор мегиранд, моҳе, ки ибодат ва аъмоли нек дар он аз ҳар вақти дигар беҳтар ва боарзиштар аст.

118 Сураи Мўъминун, 23: 1, 2.

пешина
аз 190
навбатӣ