РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ў мегуфт: Шитоб накун. Боз мепурсид: Офтоб нишаст? Ҳамин ки мегуфт: Оре, дарҳол ифтор мекард, он гоҳ фаромада, намози шомро мегузорид.103 Суфраи ифтор аз маънавият ва сафои хоссе бархурдор аст ва гирд омадан ба сари он аз нузули раҳмати бепоёни Парвардигор дар он лаҳзаҳо ҳикоят дорад.
Дуъои ифтор
Ҳар шом зи моҳи Рамазон субҳи умеде аст,
Ҳар рӯз аз ин моҳи муборак шаби иде аст.
Ҳар оҳи ҷигарсӯз, ки аз сина барояд,
Дар домани саҳройи ҷазо сояи беде аст.
(Соиби Табрезӣ, Девони ғазалиёт, 567)
Аз Расули Худо (с) дуъоҳое ба ҳангоми ифтор ривоят шудааст, ки шахси рўзадор хуб аст рўзаашро аз баракоти онҳо пурбор намояд. Ибни Умар (р) мегўяд,
вақте Паёмбар (с) ифтор мекард, мефармуд: «Заҳаба-ззамау вабталлатил ъуруқ ва сабата-л-аҷру иншоаллоҳ»,
(Ташнагӣ аз байн рафт, рагҳо сероб шуданд ва иншоаллоҳ, аҷр ҳам собит шуд).104
Аз он Ҳазрат (с) боз ривоят шудааст, ки мегуфт: «Дуъои рўзадор ҳангоми ифтор (рад карда намешавад): Аллоҳумма, иннӣ асъалука бираҳматика-л-латӣ васиъат кулла шайъин ан тағфира лӣ зунубӣ», (Худоё, Туро ба он раҳматат, ки тамоми чизро фаро гирифтааст, мепурсам, ки гуноҳонамро бароям мағфират намоӣ!).105
101 Мусаннафи Ибни Абўшшайба. – Ҷ. 2. – С. 429.
102 Ҳамон сарчашма. – Ҷ. 2. – С. 430.
103 Ҳамон сарчашма. – Ҷ. .2. – С. 430.
104 Сунани Абўдовуд, 2357; Мустадраки Ҳоким, 1576. – Ҷ. 2. – С.52. Ҳоким онро саҳеҳ ва бар шарти Шайхайн гуфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё