Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Дар ин бора дар байни фақеҳон назари дигаре низ вуҷуд дорад, ки муқоиса ва муайян кардани вақти ибодатҳо ва дигар муносибатҳои диниро дар хатти арзи баланди ҷуғрофӣ бо вақтҳои онҳо дар сарзамини Макка ва Мадина ҷоиз медонад.
Ин амр бо қиёси масъала ба андозагирии замоние, ки дар ҳадиси Расули Худо (с) маъруф ба ҳадиси Даҷҷол омадааст, сурат гирифтааст. Ривоят шудааст, ки: «Расули Худо (с) дар бораи Даҷҷол сухан гуфт. Пурсидем: Эй Расули Худо (с), дар рўи замин чӣ қадар боқӣ мемонад? Гуфт:
Чиҳил рўз: рўзе ба мисли соле, рўзе ба мисли моҳе, рўзе ба мисли ҳафтае ва дигар рўзҳояш ба монанди рўзҳои шумо ҳастанд. Пурсидем: Эй Расули Худо (с), оё он рўзе, ки ба мисли сол аст, дар он намозҳои як шабонарўз моро кифоя мекунад? Фармуд: Не, (балки) барои он андозагирӣ ва вақт муайян намоед…». (Саҳеҳи Муслим, 7299 (2937)-110).219 Лозим ба ёдоварист, ки дар давраҳои гардиши шаб ба рўз ва рўз ба шаб, ки дар минтақаи хатти арзи болотар аз 66 ҳудуди се моҳ ва ё бештар аз он ва дар минтақаҳои боз ҳам дуртар, ки ба қутбҳо мунтаҳӣ мешаванд, ҳудуди ду моҳ ва ё бештар аз он аст ва дар баҳор аз охирҳои моҳи феврал то моҳи апрел ва дар тирамоҳ аз моҳи август то октябр идома меёбанд, пас аз устувор гардидани низоми шабу рўзи муқаррарӣ намозҳо дар вақтҳои муайяни худ гузорида мешаванд ва рўзаи моҳи Рамазон низ ба таври маъмулӣ ба ҷой оварда мешавад.

219 Қарорҳо ва тавсияҳои Маҷмаи фиқҳи исломӣ, қарори № (2/12).

пешина
аз 190
навбатӣ