РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Намозу рўза дар минтақаҳои қутбӣ
Шабу рўз дар хатти истиво (экватор) ҳамеша баробар мебошанд ва ҳарчи фосилаи ҷайгиршавии минтақаҳо дар параллели ҷуғрофиёӣ аз хатти истиво дуртар мегардад, дарозу кўтоҳшавии шабу рўз дар натиҷаи тамоюли нимкураҳои шимолӣ ва ҷанубии замин дар баробари офтоб, ки дар аснои гардиши солонаи он ба вуҷуд меояд, бештар мешавад ва дар дараҷаҳои баланди арзи ҷуғрофиёӣ, ки аз 66 дараҷа болотарро дар бар мегиранд, шабу рўзи қутбӣ ба вуҷуд меояд. Ба ин маъно, ки дар баҳору тобистон ба муддати чанд моҳ дар қутби шимол ва атрофи он рўзи қутбӣ ҳукмфармо мегардад ва офтоб ғуруб намекунад ва дар ҳамин вақт дар қутби ҷануб ва атрофи он ба муддати чанд моҳ шаби қутбӣ аст. Дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон бошад, баръакс, ба муддати чанд моҳ дар қутби ҷануб рўз аст, дар ҳоле ки дар қутби шимол ва атрофи он шаби қутбӣ ҳукмфармост.
Дар минтақаҳои қутбӣ ва атрофи он шабу рўзи муқаррарӣ ва системаи вақт дар кураи замин, ки ҳудуди бисту чаҳор соатро ташкил медиҳад, ба сурати дигаре тағйир ёфта, сол аз сесаду шасту шаш шабонарўз тақрибан ба чанд шабонарўз табдил мешавад. Дар минтақаҳои поёнтар аз параллели 45, ки чаҳор иқлими ҷуғрофӣ:
истивоӣ (экваторӣ), наздиистивоӣ (субэкваторӣ), мадорӣ (тропикӣ) ва наздимадорӣ (субтропикӣ)-ро дар бар мегирад, низоми муқаррарии шабу рўз ҳукмфармост, ҳарчанд дигаргуншавии шабу рўз дар хатти параллели 45 ва атрофи он нисбат ба хатти истиво хеле фарқ дорад.
Дараҷаҳои арзие, ки болотар аз параллели 45 ҷойгир шудаанд ва дигаргуншавии шабу рўз дар онҳо аз ҳад зиёд аст, ба се минтақаи замонӣ тақсимбандӣ шудаанд:
а) Минтақае, ки дар ҳар ду нимкураи шимолӣ ва ҷанубӣ дар миёнаи хатти арзи 45 ва 48 воқеъ шудааст.
Ин минтақа иқлими нисбатан мўътадилтареро, ки дар байни ақолими субтропикӣ ва иқлимҳои наздиартикӣ (субартикӣ) ва наздиантартикӣ (субантартикӣ) дар шимол ва ҷануб ҷойгир шудааст, фаро гирифта, нишонаҳои зоҳирии астрономӣ (фалакӣ) барои шинохтани вақт дар он дар тўли бисту чааҳор соат ба хубӣ дида мешаванд, ҳарчанд ҳаҷми дигаргуншавии шабу рўз дар он ба ҳадди баланде расида бошад.
б) Минтақае, ки дар миёнаи хатти арзи 48 ва 66 воқеъ шудааст. Ин минтақа минтақаи болоии иқлими мўътадил ва иқлимҳои субартикӣ ва субантартикиро дар бар гирифта, дар он баъзе нишонаҳои астрономӣ (фалакӣ) барои шинохти вақт ба муддатҳои муайяне аз байн мераванд, ба монанди шафақи шом, ки то дамидани субҳ боқӣ мемонад ва бо фалақ (сапеда)-и субҳ пайваст мешавад.
в) Минтақае, ки дар миёнаи хатти арзи 66 ва 90 воқеъ шуда, то манотиқи қутбиро фаро мегирад ва нишонаҳои астрономӣ барои шинохти вақт дар он ба муддати дарозе аз байн мераванд, яъне ба муддати чандин моҳ дар он ё шаб ҳукмфармост ё рўз. Аз охирҳои моҳи март рўзҳо дар қутби шимол бениҳоят дароз гардида, аз охирҳои моҳи апрел то аввалҳои моҳи август дигар офтоб ғуруб намекунад. Пас аз он офтоб кам-кам фурў рафта, шабҳо мушоҳида мешаванд ва ҳамин тавр шабҳо андак-андак дароз ва рўзҳо кўтоҳ мешаванд, то он ки дар моҳи октябр офтоб комилан ғоиб мешавад ва ба муддати чанд моҳи дигар шаби пайваста дар он ҷо ҳукмфармо мегардад. Аз ибтидои моҳи феврал боз офтоб кам-кам тулўъ менамояд ва рўзҳо андак-андак дароз ва шабҳо кўтоҳ мешаванд. Дар қутби ҷануб низ айнан ҳамин ҷараёни дигаргуншавии шабу рўз сурат мегирад.
Вақте дар қутби шимол шаб бошад, дар он ҷо рўз аст.
Дар чунин ҳолат ҳатман барои сокинони мусалмони ин минтақаҳо дар баргузории намозҳои панҷвақта, доштани рўзаи моҳи Рамазон ва дигар муносибатҳои динӣ, ки бар пояи солшумории қамарӣ бино ёфтаанд, мушкили вақт пеш меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё