Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҷадвали №2
Суръати миёнаи афзоиши аҳолии ҷаҳон (бо %)
Гурӯҳи давлатҳо Солҳо 1965-1980 1980-1990 1990-2000 1. Давлатҳои дорои даромади паст:
2,3 2,0 1,8 Хитой ва Ҳиндустон 2,2 2,0 1,8 Давлатҳои дигар 2,5 2,6 2,5 Давлатҳои Африка дар минтақаи Саҳрои Кабир (Саҳара) 2,7 3,1 3,0 2. Давлатҳои дорои даромади миёна 2,3 2,0 1,9 3. Давлатҳои дорои даромади баланд 0,9 0,6 0,5
Гап дар сари он аст, ки бо вуҷуди музди баланди меҳнат ва дараҷаи хуби зиндагӣ, аҳолии давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққинамудаи ҷаҳон, аз бими аз даст додани ҷои кори хуб ва бо сабабҳои сол аз сол афзоиш ёфтани хароҷоти тарбия ва омӯзиши фарзандон аз зиёд намудани шумораи аъзои оила худдорӣ менамуданд.
Бо ин сабаб аҳолии давлатҳои Америкаи Шимолӣ ва Европа аз 23% дар соли 1990 то 15% дар соли 2000 кам шуд. Бо вуҷуди чунин тамоили пастшавии шумораи аҳолӣ, олимони иқтисодшинос пешгӯӣ кардаанд, ки шумораи аҳолии ду қитъаи номбурда соли 2020 ҳамагӣ 10%-и аҳолии ҷаҳонро ташкил хоҳад дод.
§3.2. Таснифоти давлатҳои ҷаҳон аз рӯи ҳосилнокии меҳнат
Бояд қайд кард, ки тақсимоти давлатҳо вобаста ба шумораи зиёд ва ё ками аҳолӣ, дараҷаи воқеии иқтисодиёти мамлакатро нишон дода наметавонад.
Барои ин аз солҳои 1980 сар карда, ба таснифоти давлатҳо вобаста ба дараҷаи фоиданокии хоҷагии халқ, ки он дар нишондиҳандаи ягонаи дар тамоми дунё қабулшуда "ҳосилнокии меҳнат" таҷҷассум ёфтааст, гузаштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё