Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тоҷикистон (6,1), Гонконг (5,9), Микронезия (5,8), Салвадор (5,8), Гондурас (5,7), Исроил (5,6), Гурҷистон (5,5), Либия (5,4), Бенин (5,4), Урдун (5,4), Словакия (5,4), Дания (5,2), Финляндия (5,1), Парагвай (5,0);

  1. Давлатҳои шумораи аҳолиашон аз 5 млн. кам - Лаос (4,9), Қирғизистон (4,7), Хорватия (4,5), Сиерра Леоне (4,5), Никарагуа (4,4), Молдавия (4,4), Норвегия (4,3), Папуа-Гвинеяи Нав (4,3), Того, (4,1) Туркманистон (4,1), Литва (3,7), Пуэрто-Рико (3,7), Арманистон (3,6), Ирландия (3,6), Зеландияи Нав (3,6), Эритрея (3,5), Босния ва Герсоговина (3,5), Албания (3,4), Коста-Рика (3,4), Ҷумҳурии Африкаи Марказӣ (3,3), Уругвай (3,2), Либерия (3), Лубнон (3), Сингапур (2,8), Конго (2,6), Латвия (2,6), Панама (2,6), Ямайка (2,4), Муғулистон (2,4), Мавритания (2,3), Уммон (2,2), Македония (2,2), Лесото (2,1), Словения (1,9), Аморатҳои Муттаҳидаи Араб (1,2), Бутан (1,6), Намибия (1,5), Ботсвана (1,5), Кувайт (1,5), Эстония (1,5), Габон (1,3), Тринидад ва Тобаго (1,3), Гвинея-Бисау (1,1), Белиз (0,2), Каледонияи Нав (0,2), Вануату (0,2).

Зиёд ё кам шудани шумораи аҳолӣ бевосита ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот таъсири дутарафа мерасонад. Агар, аз як тараф, афзоиши шумораи аҳолӣ бо зиёд шудани истеҳсоли мол ва беҳтар шудани дараҷаи хизматрасонӣ оварда расонад, аз тарафи дигар соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти давлат бо қувваи корӣ пурра таъмин карда мешаванд. Дар тӯли солҳои 1995-2000 шумораи аҳолии давлатҳои рӯ ба инкишоф бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодӣ ба ҳисоби миёна дар як сол аз 2 то 4,5% зиёд шуданд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бо чунин суръат афзоиши шумораи аҳолӣ ин давлатҳо дар муддати 30 сол бояд ду маротиба зиёд шавад. Дар ин давра шумораи аҳолии Ҳитой ва Ҳиндустон дар якҷоягӣ 3 млрд. нафарро ташкил хоҳад дод.

Аммо таҳлили афзоиши шумораи аҳолии давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар баъзе давлатҳо бо вуҷуди иқтидори бузурги иқтисодии онҳо дар соли 2025 тамоили камшавии шумораи аҳолӣ мушоҳида карда мешавад. Ба ин гурӯҳ давлатҳо Булғория, Венгрия, Дания, Эстония, Латвия, Юнон, Италия, Испания, Германия, Россия дохил мешаванд.

пешина
аз 785
навбатӣ