Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Зеро, чунончи, дар философияи неопозитивизм роли реакциониро мебозад.
Номиналистҳои замони ҳозира (чунончи, Каркап, Ричардс ва дигарон) мегӯянд, ки калимаҳо аломатҳои шартӣ, символ буда, нафақат ягон чизи умумиро, балки ҳеҷ як чизи тоқаро ҳам ифода намекунанд ва калимаҳо маънӣ надоранд. Ба фикри онҳо калимаҳо ягон маъно доранд ва ягон предмет ва ҳодисаҳоро инъикос мекунанд гуфтан, гӯё бемаънигист. Ба қавли онҳо фикр ҳеҷ гоҳ воқеиятро инъикос намекунад. Фикрҳоро на ин ки бо чизҳо, балки танҳо бо фикрҳо муқоиса кардан мумкин аст. Калимаҳо символҳое мебошанд, ки аз маъно маҳрум буда, бо воқеият ягон алоқае надоранд. Семантикҳо вазифаи илм ва философия фақат аз таҳлил кардани калимаҳо — символҳо аз маъно маҳрум иборат аст гуфта, аз илм ва дониш тамоман дур мешаванд.
Мантики материалистие, ки ба философияи марксистӣ такя мекунад, ин гуна ақидаҳои беасос ва реакциониро рад намуда, таълим медиҳад, ки мафҳумҳои умумӣ инъикоси худи воқеияти реалӣ мебошанд. Дар воқеияти реалӣ натанҳо чизҳо, ҳодисаҳои тоқа, фардӣ ҳастанд, балки дар байни онҳо умумият мавҷуд аст. Ҳамин ҷиҳатҳои умумиро мафҳум инъикос мекунад. Тоқа ва умумият аз ҳамдигар ҷудо кардан мумкин нест.
В. И. Ленин мегӯяд, ки чизи тоқа «алоҳида берун аз он робитве ки ба сӯи кулл мебарад, вуҷуд надорад. Кулл фақат дар алоҳида, ба воситаи алоҳида вуҷуд дорад. Ҳар кадом алоҳидагӣ (ба ин тарз набошад, ба тарзи дигар) кулл аст. Ҳар кадом кулл (ҳар кадом предметҳои алоҳидаро фақат тахминан дар бар мегирад. Ҳар кадом алоҳида ба кулл нопурра медарояд ва гайра ва ҳоказо. Ҳар кадом алоҳида ба ҳазорҳо ришта бо дигар навъ алоҳидаҳо (бо чизҳо, зуҳурҳо, процесскои алоҳида) вобаста аст ва ҳоказо» 1.
Бинобар ин, тоқа, алоҳида ва умумӣ дар худи воқеияти реалӣ мавҷуд мебошанд.
Карим, Раҳим, Одина, Аҳмад дар давраҳои гуногун ва ҷойҳои гуногун зиндагонӣ мекунанд, вале қонунияти сохти организмҳои онҳо як хел, умумист. Қонуният, умумият дар воқеияти реалӣ вуҷуд дорад.
Одамон дар давраҳои гуногун ва ҷойҳои гуногун зиндагонӣ мекунанд, вале моҳияти онҳо «асбобу олотҳо сохта, бо он ба табиат бо мақсади дигаргун кардани он таъсир расонидан» дар воқеияти реалӣ вуҷуд дорад.
Ҳамин тариқ, ҷиҳати умумӣ, ҳамчун моҳият дар байни чизҳои тоқа, алоҳида дар воқеияти реалӣ вуҷуд доранд, ки онро мафҳум инъикос мекунад.
1 В. И. Ленин. Асарҳо, ҷилди 38, саҳ. 381.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё