Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
тақсим хато мебошад, барои он ки ҳаҷми мафҳуми тақсимшавандаро мунтазам ба итмом намепасонад ва предметҳои дар бар гирифта дар айни замон ба навъҳои гуногун ҷудо мешаванд.
б) Ҳаҷми ҷамъи узвҳои тақсим бояд бо ҳаҷми мафҳуми тақсимшаванда баробар ояд. Дар вақти тақсим бояд ҳаҷми мафҳуми тақсимшаванда ба навъҳои ба он тобеъ ҷудо карда шавад. Аз ин сабаб агар ҳамаи навъҳои мафҳуми ҷинсӣ ба ҳисоб гирифта шаванд, тақсим дуруст мешавад. Масалан, мафҳуми илми адабиётшиносиро ба таърихи адабиёт ва назарияи адабиёт тақсим кардан нодуруст аст, чунки дар ин тақсим яке аз навъҳои мафҳуми тақсимшаванда, яъне танқиди адабиёт ба назар гирифта нашудааст.
в) Узвҳои тақсим бояд ҳамдигарро истисно кунанд. Ҳар як предмети дар дохили ҳаҷми мафҳуми тақсимшаванда мавҷудбударо бояд танҳо як узви тақсим дар бар гирад. Ин қоида аз қоидаи якум сар мезанад, зеро агар тақсим аз рӯи як асос ба анҷом расонида шавад, он гоҳ узвҳои он ҳам ҳамдигарро истисно мекунанд. Масалан, мафҳуми давлатро ба давлатҳои социалистӣ, бузург, демократӣ тақсим кардан хато аст, чунки худи як давлат мумкин аст ҳам социалистӣ, ҳам демократӣ ва ҳам бузург бошад, бинобар ин дар ин ҷо узвҳои тақсим якдигарро истисно намекунанд. Мисли ҳамин мафҳуми романро ба романи завқовар ва ғоявӣ тақсим кардан нодуруст аст, зеро роман мумкин аст ҳам завқовар ва ҳам ғоявӣ бошад.
г) Асоси тақсим бояд аниқ бошад. Асоси тақсим ҳамеша ягон нишонаи мафҳуми тақсимшаванда мебошад, вале ҳар хел нишона асоси тақсим шуда наметавонад. Нишонае, ки дар асоси вай тақсим ба анҷом расонида мешавад, бояд тавре аниқ ва равшан бошад, ки он бо ҳар хел маъно фаҳмида нашавад. Масалан, мафҳуми китобро ба китобҳои нағзтар ва нағзтарин тақсим кардан нодуруст аст, зеро мумкин аст як китоб нисбат ба китоби дигар нағзтар буда ва боз нисбат ба китоби сеюм нағзтар набуда ва баръакс.
д) Тақсим бояд мунтазам ба анҷом расонида шавад. Бояд мафҳуми тақсимшаванда аввал ба навъҳои ҳаҷмаш нисбатан васеътар ва баъд ин навъҳо дар навбати худ боз тақсим карда шаванд.
Агар ба ин қоида риоя карда нашавад, дар тақсим чақиш ба амал меояд, ки ин чиз дар бораи хатогии тақсим гувоҳӣ медиҳад. Масалан, асарҳои бадеиро ба наср ва ғазал, рубоӣ, тақсим кардан нодуруст аст, зеро дар ин ҷо бояд аввал асарҳои бадеӣ ба наср ва назм тақсим карда шуда ва баъд асарҳои манзум ба ғазал, рубоӣ ва ғайра тақсим карда шаванд.
Чунинанд шартҳои дуруст ба анҷом расонидани тақсими мафҳум.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё