Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Барои таърифи хеле васеъ таърифи дигар мисол шуда метавонад: «Мантиқ — илм дар бораи тафаккур мебошад». Дар ин ҷо нишонаи муҳим системаҳои шаклии хулосабарори «дуруст» (яъне дуруст фикр кардан) ба назар дошта нашудааст. Ин таъриф аз ҳад зиёд васеъ мебошад, зеро на фақат мантиқ, балки илми психология, материализми диалектикӣ ва ғайра ҳам дар бораи тафаккур баҳс мекунанд.

Барои таърифи хеле танг ва аз ҳад зиёд васеъ чунин мисолро мегирем: «Одам — мавҷудоти зиндаест, ки чашмҳои сиёҳ дорад».

Қоидаи дуюм. Таъриф набояд давр занад. Ин қоида талаб менамояд, ки мафҳуми таърифшаванда набояд ба ҷои мафҳуми таърифкунанда такроран оварда шавад. Масалан, «одам мавҷудоти зиндаест, ки вай дорои хусусиятҳои инсонӣ мебошад», «мантиқ — илм дар бораи тафаккури мантиқӣ мебошад» ва ҳоказо таърифи нодуруст мебошанд.

Вазифаи таърифи мафҳум, муқаррар намудани нишонаҳои муҳими предмет аст, бинобар ин, агар дар таъриф даврзанӣ рӯй диҳад, вай ин вазифаро иҷро карда наметавонад.

Ин гуна хатои мантиқие, ки ба ҷои мафҳумҳои таърифкунанда дар таъриф худи мафҳуми таърифшаванда такрор карда мешавад, тавтология ном дорад.

Қоидаи сеюм. Таъриф набояд радкунанда бошад. Дар таърифи радкунанда мазмуни мафҳуми таърифшаванда ошкор карда намешавад, зеро ба воситаи он нишонаҳое, ки ба предмет дахл доранд, муайян карда намешаванд. Бинобар ин, таърифи радкунанда — таърифи ҳақиқии предмет шуда наметавонад. Масалан, «социализм — ин капитализм нест», «ҳуқуқшинос забоншинос намебошад» ва ғайра таърифҳои ҳақиқии мафҳум шуда наметавонад. Таъриф бояд нишонаҳои муҳими социализм, ҳуқуқшиносро дар бар гирад, на ин ки дар бораи аз чӣ чиз иборат набудани онҳо сухан ронад. Ин қоида ҳам чун ҷиҳати мусбат муқаррар намудани мазмуни мафҳумро мувофиқи матлуб мешуморад.

Қоидаи чорӯм. Таъриф бояд аниқ ва саҳеҳ бошад. Мувофиқи ин қоида бояд мазмуни мафҳуми таърифшаванда ба воситаи мафҳумҳои таърифкунандаи аниқ ва саҳеҳ, ки дорои ду маъно намебошанд, муқаррар карда шавад. Баъзан ба ҷои таъриф ибораҳои маҷозӣ, суханҳои думаънидорро ба кор мебаранд, ки онҳо таърифи мафҳум шуда наметавонанд. Масалан, «кӯдакон гули ҳаёт мебошанд», «такрор модари дониш аст», «шер шоҳи ҳайвонот аст» ва ҳоказо таърифи илмии мафҳум шуда наметавонанд.

д) усулҳое, ки бо таърифи мафҳум монанданд. Дар қатори таърифи мукаммали мафҳум барои муқаррар намудани ин ё он ҷиҳати мазмуни предмет, аз усулҳое истифода

пешина
аз 192
навбатӣ