Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Шоири советӣ
Шоири советии тоҷик
Боқӣ Раҳимзода

Мафҳуми «шоир» нисбат ба «шоири советӣ» ҷинсӣ бошад, нисбат ба мафҳуми «коркуни меҳнати ақлӣ» навъӣ мешавад. Лекин «шоир» дар айни замон нисбат ба дигар мафҳумҳое, ки аз вай ҳаҷман хурдтаранд, чунончи, нисбат ба мафҳумҳои «шоири советии тоҷик», «Боқӣ Раҳимзода» ҷинсӣ мебошад.

Мафҳуми А нисбат ба ҳамаи дигар мафҳумҳо — Б, В, Г, Д, Е ҷинсӣ аст, ин мафҳумҳо бошанд, навъи мафҳуми А мешаванд ва ғайр аз он ҳамаи мафҳумҳои А, Б, В, нисбат ба мафҳуми Д мафҳуми ҷинсианд. Аз ҳамаи ин ҷинсҳо нисбат ба ҳамин мафҳуми навъи ҷинси наздик он мафҳуме мешавад, ки вай ҳаҷман аз ин навъ тамоман кам фарқ дорад.

Масалан, мафҳуми «шоири советӣ» ҷинси наздики мафҳуми «шоири советии тоҷик» мебошад, мафҳуми «олим» ҷинси наздики мафҳуми «олими забоншинос» мебошад.

Муносибати ҷилликӣ

Ду мафҳуме, ки мазмунан фарқ доранду ҳаҷмашон қисман бо якдигар мувофиқ меояд, ин гуна мафҳумҳо дар байни худ м у н о с и б а т и ҷ и л л и кӣ д о р а н д.

Барои ин муносибат чунин мафҳумҳо мисол мешаванд: «Қаҳрамонони Меҳнати Социалистӣ» ва «колхозчиён», «духтурон» ва «занон», «студентон» ва «комсомолон», «лауреатҳои Мукофоти Ленини» ва «санъаткорони советӣ» ва ҳоказо.

Ҳаҷми мафҳуми «қаҳрамонони меҳнати социалистӣ» ва «колхозчиён» айнан як хел нест, чунки қаҳрамонони меҳнати социалистие ҳастанд, ки колхозчӣ нестанд ва колхозчиёне ҳастанд, ки Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ нестанд, вале колхозчиёне ҳам ҳастанд, ки қаҳрамонони меҳнати социалистӣ мебошанд ва баръакс, Қаҳрамонони Меҳнати Социалистие ҳастанд, ки колхозчӣ мебошанд. Аз ҳамин ҷиҳат ин гурӯҳи предметҳо бо ҳам қисман мувофиқ меоянд.

Муносибати ҷилликии мафҳум бо доираҳо тасвир карда мешавад (нигар ба расми 4).

Дар байни мафҳумҳои мувофиқнаюнда муносибатҳои зерин мавҷуданд:

пешина
аз 192
навбатӣ