Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
«зебоӣ», «босавод» мафҳуми мусбат буда, мафҳумҳои «беақлӣ», «бесаводӣ», «берӯй» манфӣ мебошанд.
Ғайр аз он, мафҳумҳо ба мафҳумҳои нисбатдор ва бенисбат тақсим мешаванд. Мафҳумҳои нисбатдор чунин предметҳоро инъикос мекунанд, ки якеи он бе дигараш вуҷуд дошта наметавонад. Ин мафҳумҳо фақат нисбат ба дигар мафҳумҳо дорои маъно мебошанд. Масалан, мафҳуми модар бе мафҳуми фарзанд маъное надорад, мисли ин мафҳуми пролетариат бе мафҳуми буржуазия, мафҳуми ботинӣ бе мафҳуми зоҳирӣ вуҷуд дошта наметавонанд.
Мафҳумҳои бенисбат бо дигар мафҳумҳо муносибате надоранд, вале дорои маънои мустақиланд. Масалан, мафҳумҳои «китоб», «асар», «драма», «колхоз» ва ғайраҳо мафҳумҳои бенисбатанд.
§ 7. АЛОҚАИ БАЙНИ МАФҲУМҲО
Дар байни предметҳои воқеияти реалӣ муносибатҳои гуногун мавҷуданд. Азбаски мафҳумҳо инъикос, нусхаи предметҳои воқеият мебошанд, бинобар ин дар байни онҳо ҳам муносибатҳои гуногун дида мешаванд. Дар ин ҷо муносибатҳои асосии мафҳумро дида мебароем. Мазмун ва ҳаҷм — ду ҷиҳати мафҳум мебошанд.
Ҳамин ду ҷиҳат — мазмун ва ҳаҷми мафҳумро ба назар гирифта, мафҳумҳоро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд:
- Мафҳумҳои муқоисашаванда.
- Мафҳумҳои муқоисанашаванда.
Агар дар байни мафҳумҳо ягон ҷиҳати умумӣ, аз нуқтаи назари ҳаҷм ва мазмун ягон монандӣ мавҷуд бошад, ин тавр мафҳумҳоро мафҳумҳои муқоисашаванда меноманд. Масалан, дар мазмуни мафҳумҳои «инженер» ва «коргар» нишонаҳои умумӣ аз он иборат аст, ки ҳар дуи онҳо ҳам вакилони меҳнаткашон мебошанд, дар истеҳсолот иштирок мекунанд; фарқи онҳо иборат аз он аст, ки коргар танҳо бо меҳнати ҷисмонӣ машғул, инженер бошад, қисман бо меҳнати фикрӣ машғул аст ва дар соҳаи ихтисоси худ соҳиби маълумоти баланд мебошад.
Мафҳумҳое, ки дар байни худ аз ҷиҳати ҳаҷм ва мазмун ҳеҷ гуна наздикӣ, монандӣ надоранд, мафҳумҳои муқоисанашаванда меноманд. Масалан, мазмуни мафҳумҳои «революцияи иҷтимоӣ» ва «дарахти бед» ҳеҷ наздикӣ надорад, ягона умумияти байни онҳо аз он иборат аст, ки ҳам революцияи иҷтимоӣ, ҳам дарахти бед дар воқеият мавҷуданд.
Мафҳумҳои муқоисашаванда дар навбати худ ба ду гурӯҳ: 1) мувофиқоянда ва 2) мувофиқнаоянда тақсим мешаванд.
Ду мафҳуме, ки мазмунан аз ҳамдигар фарқ дошта, ҳаҷми онҳо бо якдигар мувофиқ ё қисман мувофиқ меоянд, мафҳумҳои мувофиқоянда ном доранд. Мазмуни мафҳумҳои мувофиқоянда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё