Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

онҳо, масалан: намакҳоро; ё барои пок ва соф гардонидани таркиби онҳо аз чизҳои бегона ва нодаркор аст, масалан: сурма, бӯра (танакор), ҳарчангҳо, шохи гавазн ва монанди инҳоро; барои сохтан ва ос кардан, масалан: ёқутҳо, тилло, нуқра, абрешим ва монанди инҳо; ё барои нест гардонидани хислати бад ва заҳрнокӣашонро барҳам додан, масалан: каждумро барои резонидани санги гурда ва ҳичак (пешобдон), мори афъӣ, мори сиёҳ барои иллати махав — зеро ки давоҳои тез ё нозукҷавҳар, ё мӯътадили мобайни ҳар ду навъ чун сӯхта шаванд, қуввати онҳо заиф ва тезии ҳарорати онҳо кам мегарданд, бинобар ҷудо шуда рафтани ҷавҳари гарми оташӣ ва тезии онҳо, монанди ин даво ё ҷавҳарашон зич ва тезии гарммизоҷ нестанд. Дар натиҷаи сӯхтан ва ҳосил кардани ҳарорати оташӣ давоҳо ҳам қавӣ мегарданд, ҳам тезиашон меафзояд ва ҳам гармии мизоҷашон иқтидор пайдо мекунад. Масалан: фулуззот, оҳақсанг. Ба сабаби сӯхта шудан рутубати часпаки ба худ кашандаашон кам ва ё нест мегардад. Баъд онҳо ба осонӣ ва ба зудӣ соида мешаванд, масалан: сангҳо, абрешим. Ё он ки дар онҳо хислати бад ва нописанди модда ва ҷавҳар бошад, сӯхта шаванд, кам ва ё нест мегардад, масалан: каждум ва мор ва ё чизҳои бегона аз таркиби онҳо дур мегарданд, масалан: натрун (танакори сурх, ё ки онро танакори арманӣ мехонанд).

Бояд донист, агар ҷисм дар ҳолате бошад, ки хислати хоси ҷасади худро асло тарк накунад, пас агар ковокҷавҳар бошад, баъд аз сӯхта шудан мизоҷаш ба сардӣ майл мекунад ва агар аз ғояти сӯхташавӣ, ки ба ҳадди хокистарӣ расад, тезиаш тамоман барҳам мехӯрад. Агар ҷавҳари ҷисмаш зич ва ковок набушад, баъди сӯхта шудан мизоҷаш аз сардӣ ба гармӣ майл менамояд. Изофа намоем, бояд дар назар дошта шавад, ки ду чизи гуногунро бо ҳам якҷо насӯзонанд, масалан: намак ва оҳакро. Дар сӯхтани сангҳо зиёдтар амал кардан даркор аст назар ба наботот ва ҳайвонот. Аммо ҳарир, шилмҳо ва монанди инҳоро авғале як бор сӯхтан кифоя аст. Агар мақсад хунук гардонидани мизоҷи ҷисми сӯхташаванда бошад, баъди сӯхтан онро бояд бишӯянд, вагарна ношуста истеъмол бояд кард.

Калимаи «таклис» ба лафзи аҳли Миср аз «килс» гирифта шудааст, ки ба тоҷикӣ оҳак меноманд ва он

пешина
аз 702
навбатӣ