Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мемонад ва баъд онҳо заиф ва бекора мегарданд. Вале ширҳои растаниҳо ва гиёҳҳои ширдор аз ҷумла: сакмуниё (аз оилаи печакҳо), фарфьюн (ба русӣ молочай), афюн ва монандӣ инҳо дуру дароз боқӣ мемонанд, аз ин ҷумла, сакмуниё қуввати худро то бист сол нигоҳ медорад ва баъд аз он заиф мегардад; фарфьюн то чор сол, афюн — 50 сол ва зиёда аз ин ҳам қуввати худро нигоҳ медорад. Инак, қуввати ширҳои растаниҳо то даҳ сол боқӣ мемонад. Вале равғанҳоро мегирифта бошем, агар сардмизоҷ бошанд, хусусан тармизоҷ бошанд, дар ду-се ҳафта заиф мегарданд, аммо равғанҳои гарму тармизоҷ ва хушкмизоҷ вобаста ба мартабаҳои худ аз як то ду сол қуввати худро нигоҳ медоранд ва баъд бекора мегарданд. Аммо равғани баласон чизи дигар аст ва он аз қабили ширҳо буда, қувваташ муддатҳои дароз боқӣ мемонад, инчунин мегӯянд, ки ҳарчанд кӯҳнатари гардад, сара ва қавитар мешавад. Равғани кофур (камфорное масло) то ду сол қуввати худро нигоҳ медорад.
Тухмҳои растаниҳо гуногун мебошанд. Он чӣ равғани бисёри дошта бошанд, монандӣ: чормағз, бодом, писта, чилғӯза, кунҷид, тухми кӯкнор ва бодиринг, тухми тарбуз ва харбузаву каду ва мисли инҳо то як сол қуввати худро нигоҳ медоранд. Он чӣ камравған бошанд, монандӣ: тухми ҳулба ва индову ҳардал, арпабодиён ва мисли инҳо вобаста ба нигоҳ дошта шудани онҳо аз таъсири рутубат, хок, бод ва ғайра буда, то ду сол қувваташон боқӣ мемонад.
Шоҳҳои дарахтон ва гиёҳҳо, решаҳои онҳо, реша ва пӯстлохҳояшон низ гуногунанд. Бақои қуввати онҳо ба сахтӣ, сустӣ, занфии ҷавҳарашон вобаста аст. Зардҷӯба, зарованд, дорчинӣ, занҷабил ва монандӣ инҳо мебошанд, ки қуввати онҳо то даҳ сол боқӣ мемонад. Вале агар дар онҳо рутубати фузлия (тарнии зиёдатӣ) бошад ҳам, монанди: занҷабил, решаи чӯби чинӣ ва зарованд ҳамчунин аст. Решаи савсани кӯҳӣ, сабзии даштӣ ба зудӣ кирм онҳоро мехӯрад, зуд заиф ва бекора мегарданд, вале агар кирм назанад, устувор меистанд.
Он чӣ аз решаҳои растаниҳо ва решаҳои исхоловар бошанд, қуввати онҳо то се сол боқӣ мемонад, баъд ба тадриҷ бекора мегардад.
Давоҳои ҳайвония, монанди: чарбӣ, заҳра, ҳазорхонаи ҳайвони ҳанӯз алаф нохӯрда, ки инро панирмоя

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё