Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ва хушкмизоҷ дар дуввуманд. Пас дараҷаҳои гармӣ самараи ғору мурр ду дараҷагӣ — ҷамъ чор дараҷа мешавад; вале ҷинтиёно ва зарованди тавил — ҳар яке дар дараҷа сетогӣ — ҷамъ шаш дараҷа аст. Инак, ҳамаи дараҷаҳои гарм 10-то мешавад. Ду давои дигар сетогӣ дараҷаҳои хушкӣ доранд — ҷамъ шаш мешавад, низ ду давои аввал, дар дараҷаи дуввум хушк гуфтем — ҷамъ чор дараҷа мешавад. Инак, дараҷаҳои хушки он чор даво, ҷамъ 8 мебошад. Акнун барои ёфтани дараҷаи умумии гармиро ба миқдори давоҳо, ки чорто буд, тақсим кунем 2,5-тогӣ мерасад — ин дараҷаи гармии мизоҷи тарьёки чоргона аст, ки дувумим дараҷа мебошад. Акнун ҷамъи дараҷаҳои хушкро, ки ҷамъ 8 буд, ба миқдори давоҳо, ки чор аст, тақсим кунем, ҳосилаш 2 мешавад — ин дараҷаи хушкии мизоҷи тарьёки чоргона мебошад. Инак, тарьёки чоргонаи мазкур, ки мураккаб дар 2,5 дараҷа гарм ва дар 2 дараҷа хушк будааст.
Ё ки бигирем тарьёки мураккаби ҳаштгонаро, ки аз самараи ғор, ҷинтиёно, мурри маккӣ соф, зарованди тавил, решан ревоҷ, пӯсти решан кавар, кусти талх ва зардҷӯба иборат аст — аз ҳама баробар якмиқдори гирифта шудааст. Аммо мизоҷи зарованд, ҷинтиёно ва куст — ҳар се гарм дар дараҷаи саввум ва хушк дар дараҷаи дуввум; пӯсти решан кавар, зардҷӯба — мизоҷи ҳар яке инҳо гарм ва хушк дар дараҷаи дуввум; самараи ғор, мурри маккӣ — мизоҷи ҳар ду гарм ва хушк дар дараҷаи дуввум; мизоҷи зарованд дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум хушк мебошад. Пас, ҷамъи қисмҳои гармизоҷ аз 20 дараҷа иборат аст ва қисмҳои хушкмизоҷ аз 18 дараҷа иборат аст. 20 : 8 = 2,5; 18 : 8 = 2,25 мешаванд. Ҳамин тариқ ин тарьёки мураккаб, ки аз ҳашт даво сохта шудааст, дар 2,5 дараҷа гарм ва дар 2,25 хушк аст.
Мисоли дигар. Давои мураккаб аз ду давои соддаи баробарвазн ва мизоҷаш гуногун: тарьёки гил, ки аз самараи ғор ва гили махтум иборат аст. Мизоҷи самари ғор гарм ва хушк дар дараҷаи дуввум, гили махтум хунукмизоҷ дар дараҷаи якум ва хушк дар дуввум.
Пас, ҳамаи дараҷаҳои гарм — 2, сард — 1, хушк — 4 мебошанд. Чун 1-и сардро аз 2-и гарм тарҳ кунем (2 — 1 = 1 дараҷа гарм мешавад; ва 1-ро ба 2, ки миқдори давоҳо аст, тақсим намоем, 0,5 мешавад. 4 дараҷаи гармро, ки адади давоҳои таркиб ду аст, таксим

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё