Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
тартиб додан даркор бошад дар ҳолате, ки
миқдори як бор хӯрдан аз занбӯруғи сафеди танаи дарахт 2 дирам (ҳафт грамм), аз сабир ва гӯшти ханзал аз ҳар як $\frac{2}{3}$ дирам (2,3 грамм) ва аз сақмунӣ
ним дирам (1,75 грамм) — ҷамъаш $3\frac{5}{6}$ дирам (13,42 грамм) аст. Аз ин ҳисоби чор дору чорьяки он 3,355 грамм, ки миқдори як бори комил хӯрдани он мешавад. Агар сафро ё балғам зиёдтар бошад, барои ин миқдори давои дафъкунандаи ин ё он моддаро ба нисбати он зиёд ва дигараро кам кардан даркор аст.
Равшантар бигӯем, ки агар сафроро аз балғам дида зиёдтар исҳол додан матлуб бошад, бояд ки сабир ва сақмуниёро зиёда аз занбӯруғи сафеди танаи дарахт ва гӯшти ҳанзал бигардонем ва ҳар дуи сониро кам сохта, миқдори хӯрдани даворо муайян намоем. Ба ҳамин қиёс риоя карда, давои мураккабро тартиб медиҳанд. Масалан, агар аз ҳафт давои содда доруи мураккаб сохтан даркор бошад, аз ҳар як ҳафтьяки миқдор, ки як бор хӯрдани он аст, гирифта, ҳамаро меомезанд — ин як миқдори хӯрдан ва агар аз ҳар як як миқдори томи хӯрдан бигиранд, инро барои ҳафт бор хӯрдан ба ҳафт қисмат бояд намуд. Дар ин хусус як чизро таъкид намоем, ки ҳангоми давоҳои соддаро бо ҳам даромехтан қисмҳои асосии онро набояд кам ё зиёд гардонанд, то ки доруи мураккаби сохташуда ноқис, бекора ва заиф нагардад. Инчунин огоҳ менамоем, ки ягон даво дар вақти таркиб додани доруи мураккаб набояд вайроншуда ё қувваташ барҳамхӯрда бошад, масалан: гӯшти афъӣ дар таръёки форуқ; самари ғор дар таръёки чорғона; сабир дар нӯрачи файкаро ва ғайра, ки бояд дар ҳолат ва намуди солим бошанд. Илова бар ин ҳар як ҷузъи давои мураккаб аз миқдори худ, ки бояд ҳамон қадар дохил карда шавад, кам ё зиёд набошад, то ки мақсад беоқибат намонад. Аммо давоҳои ислоҳдиҳандаи ҳоли давоҳо, ба узв ва ҷои матлуб расонданда ва монандӣ инҳоро, ки мавқеашон дуввумдараҷа бошад, мумкин аст, дар вақти зарурат кам ё зиёд карда шаванд. Инчунин давоҳои қувват ва хусусиятҳои давоҳои муҷовирро вайрон ва заиф мекарда бошанд, набояд ба давои мураккаб дохил кунанд. Масалан, балодур (анакардия)-ро, ки мурдоркунандаи гӯшт ва заҳркунандаи аксари давохои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё