Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

қувватҳои узвҳои асосӣ ва шарифро маҳфуз медоранд, ба онҳо манфиатҳои умумӣ мебахшанд, инчунин дил, ҷигар, меъда ва майнаро аз зарар ёфтан ва офатҳои дигар нигоҳ медоранд. Зеро ки давоҳои исҳоловари қавӣ безарар нестанд. Низ бо ҳам омехта кардан ва таркиб додани давоҳои часпаки тезӣ ро манъкунанда буда ва суръати гузариш ва таъсирнокиро маҳдуд мегардонанд, монандӣ: катиро, шилми бодомҳо ва афъюн бо давоҳои тези қавии зуд нуфузкунанда ва гузаранда, монандӣ: зарнихҳо, танакор, навшодир, шӯра ва монандӣ инҳо, то он, ки муддати дароз дар меъда бимонанду амал ва таъсири худро бибахшанд, вале зарар ва газанде ба ин узв нарасонанд. Низ аз ҳамин ҷумла аст омехтани давоҳои башиддат исҳоловари пуркувват бо давоҳои исҳоловари дигар ва чарб намудани онҳо бо равғани бодоми ширин, равғани гов ва монанди инҳо бо турбуд, ҳалилаҳо. Инчунин парвардан ва ташвия додани баъзеи онҳо, монандӣ: ҳаб-ус-салотин (тухми беданҷири хитой), ҳаб-ул-мулук (мохудона), мозарьюн, сақмуниё, анзарут ва дигар давоҳои исҳоловари пурзӯр. Аз ҳамин ҷумла аст даромехтани сирко бо шакар ё сиркоро бо асал сирканҷабин сохтан барои шикастани тезӣ ва суръати нуфузи сирко ва шикастани ҷӯшиш ва ҳаяҷони сафро ва савдо, барои он, ки туршии тез маҳз баҷӯшоварандаи сафро ва савдо мебошад. Низ шакар бо асал бинобар хислати часпандагӣ доштанаш шиддати нуфузи сиркоро манъ мекунад ва тезии онро мешикананд. Табиат ва қуввати ҷигар ба сабаби камоли рағбат ба шириниҳо доштанаш онро ба зудӣ ба худ мекашад. Хислатҳои гуворои шириниҳо: тезии сафроро мешикананд ва дар ҳамаи роҳ ва маҷроҳои бадан нуфуз мекунанд, гиреҳҳоро мекушоянд ва ғайраҳоро ба амал меоваранд. Инчунин омехтани равған бо сирко дар он барои фоида ва манфиатҳои онҳо ба кор меравад. Ва омехтани ширинӣ бо занҷабил, ҳалилаҳо, омула ва мураббо сохтан аз онҳо бо шакар ва асал ҳамин гуна фоида мебахшад. Инчунин аз ҳамин қабил аст таркиб додани давоҳои сабуки таъсирбахшанда бо давоҳои зуд нуфузкунанда, монандӣ: тухми бодиён, карафс, арпабодиён, равғани баласон ва монанди инҳо, ки бинобар камоли қуввати нуфузи худ дар ҷигар ва узви махсус қарор намегиранд ва аз ин рӯ таъсири матлуб, ки кушодани гиреҳҳо, таҳлил додани моддаҳо ва ғайра аз онҳо мебошад,

пешина
аз 702
навбатӣ