Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
баргҳои тарашро ҷамъ намуда, дар соя хушк кунанд. Аз ин ҳар қадар, ки хоҳанд, бигиранд. Дар шаш баробари он оби борон ё оби муқаттар як шабонарӯз тар намоянд. Баъд то ду ҳиссаи об бухор шудан бо оташи мулоим биҷӯшонанд. Сонӣ онро аз матои бофташ зич гузаронида, соф гардонанду дар зарфе бар болои он об аз болояш ҳамон миқдор равғани зайтун андозанду бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то он, ки об тамоман бухор шавад ва равған бимонад.
Аломати батамом бухор шудани об он аст, ки аз ҷӯш мемонад. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.
Гирифтани равғани ин тарзи дигар ҳам дорад. Як миқдор оби себаргаи тару тозаро дар зарфе карда, аз болояш ҳамон миқдор равғани зайтун андохта, ба тариқи якум тайёр мекунанд.
Тухми себаргаи бӯстониро бихӯранд, қуввати боҳро ба ҳаракат меоварад. Агар инро кӯфта, бо об хамир карда бимоланд, доғи кунҷидакро дафъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми себаргаи боғӣ то 10,5 грамм аст.
Себаргаи саҳроиро гулаш сурх ва баргаш калонтар аст, ки инро юнучкаи кӯҳӣ ё себаргаи сурх меноманд.
Мизоҷи ин дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: оби гиёҳи тару тозаи онро бинӯшанд, саръ ва дарди паҳлуро шифо мебахшад, меъдаро қувват медиҳад ва дардашро ҳам дафъ мекунад; бодҳоро пароканда месозад, исҳолро мебандад, сардии ҳиҷакро ислоҳ мекунад, чакмезакро шифо медиҳад; ҳайз, шир ва пешобро равон мекунад, арақ меоварад. Ин обро дар бинӣ чаконанд, барои иллати саръ ва девонагӣ дору мешавад. Агар оби инро ба ҷои газидаи каждум бирезанд, заҳр ва азияти онро дафъ мекунад, вале ба узви солим бирезанд, дар он дард пайдо мекунад.
Инро дар об ҷӯшонида, кӯдаконро дар он об бинишонанд, онҳо зуд ба роҳ медароянд.
Равғани инро бимоланд, дарди узвҳоро таскин медиҳад.
Бо оби ин гиёҳ бишӯянд, башараро, яъне пӯстро
аз ҳар гуна доғҳо пок мегардонад.
Истеъмоли ин ба дарун дарди сар меоварад ва ба
одамони гарммизоҷ зарар дорад. Дар ин ҳолат кешниз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ