Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

барои беморӣ ва иллатҳои меъда, ҷигар, сипурз, роҳҳои пешоб, бачадон, махав, тоун, вабо ва ғайра дафъ дорад.

2,5 грамм ҳиноро бихӯранд ё 4,5 грамми онро як шабонарӯз дар об тар карда, он обро соф намуда биёшоманд, зардпарвинро шифо мебахшад, иллатҳои сипурзро дафъ мекунад, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, душвории шошиданро ба ислоҳ меоварад, пешоби бандшударо мекушояд, бачаи занони ҳомиларо аз шикам меафтонад. Агар ин оби тариди ҳиноро то даҳ рӯз пай дар ҳам бинӯшанд, вабо ва захмҳои роҳи пешобро дафъ месозад, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, ба ҷои нохуни қаҷ ва пӯсида нохуни аслӣ мерӯёнад. Агар ин обро бо 32 грамм шакар бардавом биёшоманд, иллати махав дар давран ибтидо бошад, шифо мебахшад. Ба қавли як қатор табибон агар ҳамин тавр оби ҳино тар кардашударо бо шакар як моҳ биёшоманд, махав сиҳат наёбад, дигар илоҷпазир нест.

Ҳиноро дар об ҷӯшонида, он обро ба реши ҷамра (карбонкул) ва сӯхтагии оташ кам-кам ва бардавом бирезанд, шифо мебахшад.

Ҳиноро кӯфта, ба варамҳои гарм, ки аз онҳо зардоб тарович мекарда бошад, бимоланд, сиҳат мебахшад; бо равғани гулисурх сиришта бимоланд, кӯтурро ба ибро меоварад; бо оби барги беданҷир даромехта бимоланд, кафидагии пӯстро, ки кӯҳна шуда бошад, сиҳат мекунад ва дарди зонуро нест месозад; бо гули гидов якҷо кӯфта бимоланд, ҷурра (дабба)-ро шифо мебахшад.

Ҳинои хушкро кӯфта, ба захмҳо бипошанд, онҳоро хушк мекунад ва сиҳат мебахшад. Барги хушкашро кӯфта, бо равғани буз хамир карда гузошта банданд, захмҳоро ба ҳам оварда ислоҳ мекунад, хусусан захмҳои гӯшаи нохунро зудтар сиҳат менамояд.

4,5 грамм тухмашро кӯфта, бо асал ва катиро бихӯранд, майнаро хеле қавӣ мегардонад.

Мизоҷи гулаш мӯътадил ва латиф аст.

4,5 грамм гулашро бо 75 грамм об ва асал бихӯранд, ҳамаи навъҳои дарди сарро дафъ мекунад, назлаҳоро қатъ менамояд, рутубатҳои нодаркор ва зарарноки баданро хушк мекунад.

Гули ҳиноро кӯфта, бо сирко сиришта бимоланд, дарди сарро даво мебошад. Вале гулашро танҳо гузошита

пешина
аз 702
навбатӣ