Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

заҳр аз бадан батамом дафъ гардад, таркёки заҳр мешавад.

Бо шири гов ширбиринҷ пухта бардавом бихӯранд, умрро дароз мегардонад, ранги рӯйро неку мекунад.
Ширро бо мағзи чормағз ва ё бо хурмо бихӯранд, гурда ва баданро фарбеҳ мекунад, ранги рӯйро неку месозад, боҳ ва маниро зиёда мегардонад.

Миқдори як бор нӯшидан аз шири гов аз 150 то
300 грамм аст.

Вале инро аз ҳад зиёд бихӯранд, дар гурда ва хичак санг пайдо мекунад, шапушро дар бадан ба ҳам мерасонад, ба иллати пес гирифтор месозад ва дар меъда ҳар як модда, ки зиёд бошад, ба ҳамон мубаддал мегардад. Барои дафъи зарараш шакар ва асал хӯрдан даркор аст. Агар ширро бо ин ҳар ду, яъне бо асал ва шакар биёшоманд, дар меъда шах шудани онро манъ мекунад.

Агар шири гов дар меъда шах гардад, аъзошиканӣ ва ларзаро ба амал меоварад, арақи сард медамад, беҳуш мекунад, ақлро беҷо мегардонад. Агар ба дарди гулӯ гирифтор намояд, давои он индов, сиркоасал, инчунин сиркоро бо пӯдина даромехта, хӯрда, кай кардан аст ё 4,5 грамм панирмоя хӯрдан аст, ки шири шахшударо таҳлил диҳад.

Ҳакимони Ҳинд гуфтаанд, ки шири гови сафедро бинӯшанд, сафроро, шири гови сурхро бинӯшанд, балғамро ва шири гови зардро бинӯшанд, ҳар сеи ин моддаҳоро аз бадан дафъ мекунад.

в) Шири буз. Ин мӯътадилтарин шири ҳайвонот
аст дар мизоҷ.

Хислатҳои шифобахши он: инро биёшоманд, назлаҳоро манъ мекунад. Агар бо ин ғарғара кунанд ё инро дар даҳан гардонанд, варамҳои забончаи ҳалқ, ком ва варами забонро таҳлил медиҳад.

Агар инро дар бинӣ ва гӯш бичаконанд, майнаро намнок месозад, хушкии он, бехобӣ ва дарди гӯши аз гармӣ ба ҳам расидаро дафъ мекунад. Ва латтаеро дар ин шир тар карда, ба пеши сар бигузоранд ҳам, чунин хосиятро дорад.

Шири бузро бо катиро ва шилми бодомҳо ё бо
исфаноҳи шустагӣ биёшоманд, барои хун кай кардан,
сурфа, сил ва захми шуш, инчунин хунравиҳо аз узвҳои ботинӣ даво мешавад, ки миқдори шир аз 110 то
220 грамм бо яке аз шилмҳо аз 1,75 то 3,5 грамм биёшоманд,

пешина
аз 702
навбатӣ