Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

аз хунук шудан бинушанд. Низ ҳар як ширро баъд аз дӯшида шуданаш 2—4 соат гузашта бошад, хӯрдани онро бад медонанд. Шири ҳайвоноте, ки бачааш нав мурда ё аз шикамаш афтода бошад, бисёр логар ё бемор ва ё ҳомила ва ё нав зоида бошад, низ носара ва пайдокунандаи бемориҳои бисёр мебошад, инчу-нин дар рӯзҳои аввали гирифтани таб пӯшиданаш за-рарнок аст, вале дар охирҳои таб фоиданок; қабзияти шикам, сӯзиши чашм, хушкии майна, логарӣ ва сустии бадан, инчунин пириро дафъ мекунад, узвҳои пешоб ва аъзои таносулро муфид аст.

Чун дар шир ҳамон миқдор об андохта бинӯшанд, пешобро бисёр меронад, маҷроҳои шошаро пок меку-над.

а) Шири хар. Мизоҷи ин хунуктар ва рутубатнок-тар назар ба ҳамаи ширҳои дигар аст, яъне то дара-ҷаи дуввум хунук ва дар саввум тар аст.

Беҳтаринаш шири хари солим ва он аст, ки нав зоида бошад. Агар куррааш мода бошад, боз ҳам хуб-тар аст. Бояд ки гарм-гарм ва хунук нокарда бинӯ-шанд.

Хислатҳои шифобахши он: ошомидани ин барои ба-дан бисёр сардӣ меоварад, рутубатро меафзояд, фа-раҳ мебахшад, дарунро аз моддаҳои бегона пок меку-над, гиреҳҳоро мекушояд, дили гарммизоҷро қавӣ ме-гардонад, инчунин ба дигар моддаҳои мавҷудаи бадан ба зудӣ табдил меёбад; барои одамони гарммизоҷ ва хушкмизоҷ, агар дар меъдаи онҳо сафро набуҳад, му-вофиқ ва форам аст.

Рехтан ва чаконидани он дар бинӣ, гӯш ва тораки сар ба майна ором мебахшад ва инчунин хушкии он ва бехобиро дафъ мекунад; дарди сар ва бемориҳои майнаро, ки ин ҳама аз хушкӣ бошанд, шифо мебахшад; хуни биниро манъ мекунад, дарди гӯш ва дарди чашмро, ки аз гармӣ бошанд, таскин медиҳад; сӯзиши чашм, обравӣ, шилпукӣ, пардаи афтодаи дудранг ва монандӣ ин бемориҳои чашмро ба ибро меоварад, хусусан агар бо сафедаи тухми мурғ ва равғани гули сурҳ даромехта бичаконанд, нуктаҳои сурх, пардаи дудранги ба чашм афтодаро зудтар дафъ мекунад. Агар латтаи покизаи пахтагинро ба он шир тар карда, ба чашм, пеши сар, ба гӯш гузошта банданд, барои бемориҳои номбаршуда даво мебошад.

Бо шири хар ғарғара кунанд ё онро дар даҳан

пешина
аз 702
навбатӣ