Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

бугум, хонам ҳаром боша. Сафари Миров оҳиста гӯшакӣ кард:
— Ҳоли тура ҳар мекунаю мара саг.
Дар тани мо ҷон намонд. Чашмои духтар ранги алов медурахшидан. Муфаттиш ҳама чора тагу рӯ кард. Ҳатто кампири беморира ай ҷош беҷо кард. Кӯрпаҳора я тараф ҳаво дод. Маю Сафари Миров ай ҷодугар чашм намекандем.
Муфаттиш бо қаҳр қоғазеро ба таги бинии фолбин бурд.
— Бо амри прокурор тура ба ҳабс мегирум.
— Барои кадом гуноҳ?
Оромона сухан гуфтани ҷодугар мора ба ҳайрат овард.
— Барои машғул шудан ба касбу кори манъшуда, – дод зад муфаттиш. – Барои ҷодугарит. Фол медидай ва боз ким
– чиҳои дига.
— Тақдири як касро пешгӯй кардан магар гуноҳ мебошад?
— Ин хел корҳо манъай, – муфаттиш ҳаракат мекард, ки ба чашмои фолбин нигоҳ накуна. – Қонун иҷозат намета.
— Шумо тақдир сӯзед иҷозат будаасту ман рӯҳи мардумро таскин диҳам иҷозат набудааст.
— Рафта, ай давлат иҷозат бигӣ, баъд одамора қабул буку.

  • Ман одамонро маҷбуран ба наздам наовардам. Онҳо худашон ихтиёран меоянд.
    — Чӣ хеле ки набош, кирдори шумо хилофи қонунай.
    — Ман чӣ хел модари беморамро танҳо мегузорам, – духтар бо ишораи даст кампири ҷоғахиро нишон дод.
    — Гапа бисёр накуну ба мошин савор ша, – амр кард муфаттиш. – Очат беморай, бемор нестай кори ма нестай.
    Ма бояд амри прокурора иҷро кунум.
пешина
аз 164
навбатӣ