Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Ман ба фоли ту бовар намекунам, — гуфтам бо дили пурдард.

— Ихтиёрат, — қадре ранҷид Гулҳарам ва пас аз каме сукут илова кард. — Сухани маро то охир гӯш накардӣ. Давоми фолам ногуфта монд.

— Давом деҳ, — гӯё ки оқибати хушҳолро интизор будам.

— Хулоса, дар ҳаётат фоҷиае рӯй медиҳад... Аниқтараш он фоҷиа ба сари ман меафтад ва ту аз натиҷаи он дуру дароз азоб мекашӣ. Чунки оқибати он ҷудоӣ мебошад, — фолбин ин калимаҳоро ба забон меоварду ранги рӯяш гоҳ сафед мешуду гоҳ кабуд.

— Чӣҳо гуфта истодаӣ? — аз дасти Гулҳарам доштам. — Ман туро дӯст медорам ва ҳеҷ гоҳ аз ту ҷудо намешавам. Туро ба занӣ мегирам.

— Нодонаки ман, — духтар худашро ба ман чафс кард. — Кадом мулло хутбаи никоҳ мехонад? Фаромӯш кардӣ, ки ман ҷӯгиям. Ҳафт пуштат месӯзад. Ягон мулло ин масъулиятро ба зимма намегирад. Ғайр аз ин, пас аз зану шавҳар шудани мо тамоми хешу таборат аз ту рӯй мегардонад.

— Гардонидан гиранд, — бо ҷаҳл гуфтам. — Ман он қадар хешу табори зиёд надорам. Ба ягон гӯшаи дур меравем. Ва ман ҳеҷ вақт аз ту ҷудо намешавам.

— Ташаккур, ҷонакам, — Гулҳарам аз бари рӯям бӯсид. — Зинда бошем — мебинем. Қариб фаромӯш кардам. Аз хизмат монда шуда омадаӣ. Ҳатто сару либосатро иваз накардаӣ. Ба ту ҳаммоми гарм ва истироҳат лозим. Бирав, ҷонакам, — гӯён ҷӯгидухтар бо навозиш маро тела дод.

пешина
аз 164
навбатӣ