Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Духтар дарҳол ҳолати маро дарк намуд. Бо лабони пуртабассум, аз дастам гирифта, ба роҳ даромад. Тану рӯҳамон якбора осуда гашт.
Он шаб мо хеле гардиш кардем. Болои пӯстак нишаста, сӯҳбатамонро давом додем. Вақти видоъ ман дасти духтарро сар надодам.
— Шумо — ку номи маро донистед, вале худро шинос накардед.
Ҷӯгидухтар панҷаи кафи нармашро аз кафи гарми ман нагирифт. Чашмони шаҳлояшро ба замин дӯхт.
— Гулҳарам.
— Гулҳарам?! Чӣ хел номи шинам.
— Ба шумо маъқул шуд? — бо як шодии махсус пурсид духтар.
— Бениҳоят...
Ман фолбинро то остонаи дараш гусел карда, хоби бофарогат орзу намуда, қафо гаштам.
Мулоқот кардани мо ба ҳукми анъана даромад. Бо фарарасии шом Гулҳарам маро дар назди ҳавлиаш пешвоз мегирифт ва мо даст ба даст дода, сӯи теппаҳои лучу урёни Уртабуз оҳиста-оҳиста қадам мезадем. Дар ҳамгаштии байни ду теппа нишаста, то як поси шаб сӯҳбатамонро давом медодем.
Сафарҳои шабонаи ман аз назари Ҷорӣ-бобо пинҳон намонд. Ва шабе маро дар назди дарвоза бо сарчунбонии сарзанишомез истиқбол гирифт.
— Ба китпут яган бала меапта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё