Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

гурба ба хона даромад. Бо ҳамон тарз рафта, ба даруни табак даромаду ба хамир мубаддал гашт. Фолбин табакро пӯшонда, ба хона дароварда монд.

Ҳоло ҳам гардан намефаровардам. Тамоман дар тааҷҷуб бошам ҳам, хаёлан аз дил мегузарондам, ки як духтари бесаводи деҳотӣ таъсири рӯҳӣ ва истифодаи ҷараёнҳои баданро ба асаб аз куҷо медониста бошад.

— Ҳамаи ин басо ҳайратовар аст, — шубҳаи худро пинҳон накардам. — Вале ин амалҳо аз куҷо ба шумо маълум?

— Дар бораи илми кашмир ягон чиз медонед? — дар навбати худ духтар ба ман савол дод.

— Дар куҷое хонда будам.

— Мо охирин намояндаи ҳамон равияи илмием. Дар ин равия маҷмӯи дониш ва таҷрибаҳо гирд оварда шудааст. Ҳам фолкушоию афсунгарӣ, ҳам муолиҷаю ҷодугарӣ, ҳам гармию хунукӣ ва ҳам қиёфашиносию чашмбандӣ.

Дар гӯшаи хаёлам намеомад, ки ҷӯгидухтари одӣ дорои чунин қобилияти андешаронист.

— Аз куҷо ин сеҳру ҷоду ба шумо аён аст?

— Кашфи асрори ин муаммоҳо, — духтар ба нуқтае чашм дӯхт, дар хуни мост. Ба кунҷи торики замони гузаштаи шахс ва ояндаи пурасрори инсон чашм давондан на ба ҳар кас муяссар мегардад. Модари ман дар ҳақиқат ҷӯгизан мебошад. Ба хотири нигоҳ доштани ин касби басе хатарнок тамоми маҳалли деҳоти Тоҷикистонро тай кард. Ба худ муносиб шавҳар кофт. Ӯ огаҳ буд, ки дар бадани ҳамкавмҳояш шахси дорои ҷараёни баланди бадан вуҷуд надорад. Дар охир, дар деҳаи дурдасти Ҳисор бо Ҳалими чашм вохӯрд. Ӯро барои он Ҳалими чашм мегуфтанд, ки

пешина
аз 164
навбатӣ