Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Дар мавзеи Хоҷобигарм шароити моддию маишӣ ва истироҳати хуб ба роҳ монда шудааст. Иморатҳои бошукӯҳи замонавии бисёрошёна сохта шудааст. Сардухтур ва ҳамшираҳои тиббӣ баҳри саломатии мизоҷон ғамхории хуб зоҳир мекунанд, маслиҳатҳои судманд медиҳанд.

4.2 Обигарм

Чашмаи маъдании Обигарм аз замонҳои қадим ин ҷониб барои одамон маълуму машҳур буд. Як атои нодири Худованд, як мӯъҷизаи нодири табиат дониста мешуд, боиси ифтихор ва эҳтироми деҳаҳои атроф буд ва овозаи он саросари кишварро фаро гирифтааст. Ниёзмандону ихлосмандони сершумор дорад. Ин чашмаи шифобахш дар ҷанубии силсилакӯҳи Қаротегин дар баландии 1200 - 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифта. 100 км дур аз ш. Душанбе дар самти шимолу шарқ, дар сари роҳи ВМКБ воқеъ аст. Мавзеи Обигарм дар ҳавзаи фурӯҳамидае воқеъ гаштааст, ки аз ҷинсҳои мезо - кайнозой таркиб ёфтааст. Фурӯҳамидаи Обигарм 3,6 км дарозӣ ва 2 - 2,5 км паҳнӣ дорад.

Дар мавзеи Обигарм 20 чашма ба ҳисоб гирифта шудааст. Оби гарм аз таркишҳои сангҳо ба берун мебарояд. Аксари баромадгоҳҳои чашмаҳо бо реғу гил ва сангу шағал рӯйпӯшанд. Ҳарорати оби чашмаҳо аз 33 то ба 55°С мерасанд. Аз пармачоҳчашмае, ки об аз умқи 190 м мебарояд, ҳарорат ба 55°С мерасад. Нисбат ба чашмаҳои Хоҷобигарм паст будани ҳарорати оби чашмаҳои Обигарм нишонаи паст будани сифати онҳоро надорад, зеро ин обҳоро бе паст кардани

пешина
аз 93
навбатӣ