Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

СаломатӣЭкологияИлм
Аз аввал хондан

Афканишоти офтоб дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро мегирад. Сабаб дар он аст, ки мавзеъ дар ҷойи баланд воқеъ аст, ҳаво тунук, тоза, намнокиаш паст, барои ҳамин ҳам нурҳои офтобро ягон омил ба андозаи калон садди роҳ шуда наметавонанд. Рӯзҳои беабру кушод дар мавсими осоиш зиёданд. Дар баробари манзараҳои дилфиреб, иқлими фораму оби маъданӣ дар ин ҷо буғи гарми (98°С) радиоактивӣ мавҷуд буда, дар таркибаш бо баробари родон ба андозаи муътадил газ, турши ангишт, нитроген, кислотаи силикат, инчунин, оҳан, алюминий, мис, молибден, хром, кадмий, германий, барий, фтор, калий, индий ва ғайра дорад. Аз чашмаҳои маъдании Хоҷобигарм дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 1300 метри мукааб об мебарояд, дар ҳар як метри мукааб 0,4 грамм намакҳои ҳалшуда дорад. Обҳои гарм тавассути лӯлаҳо (қубурҳо) ба ҳавзҳо (ваннаҳо) - и алоҳида меояд ва дар баромадгоҳҳои оби гарм буғхонаҳо сохта шудаанд ва дар собиқ ИҶШС ягона паро-эмория буд. Аз ҷиҳати ҳарорати об (95 — 98°С) ҳам ҳеҷ ягон чашмаи маъдании ҷаҳон ба он баробар шуда наметавонад (Р.Б. Баротов. 1985. с. 72). Дар миёнаи солҳои 60 — уми асри ХХ дар Хоҷобигарм экспедисияи гидрогеологӣ кори тадқиқотӣ гузаронида буд. Мақсад аз он иборат буд, ки тавассути кофтани пармачоҳҳо масрафи обҳои шифобахшро афзун гардонанд. Бояд гуфт, ки чунин амалиёт натиҷаи дилхоҳ наметавонист. Бо вуҷуди он ки аз 9 пармачоҳ ҳар шабонарӯз 674 метри мукааб оби шифобахш мебарояд, буғи баъзе чашмаҳо тамоман гум шуд, оби баъзе чашмаҳо кам шуданд ва ё хушкиданд. Дар пармачоҳҳо андозаи родон низ кам шуд (К.А. Ҳасанова Д. 1988).

пешина
аз 93
навбатӣ