Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
Варзоб, Алмосӣ, Қаратоғ, Ширкент ва чанде дигарон маълуму машҳуранд, барои равнақи хоҷагии таҷдиди саломатӣ заминаҳои хуби табиӣ ва хоҷӣ доранд. Дар байни онҳо водии Варзоб бо табиати мафтункунанда ва чашмаҳои шифобахши худ ҷойи асосиро ишғол мекунанд.
Чашмаи маъдании Хоҷобигарм яке аз мӯъҷизаҳои беҳамтои табиати Тоҷикистон буда, дар ноҳияи маъмурии Варзоб дар ҳавзаи шоҳоби тарафи рости дарёи Варзоб, ки Хоҷобигарм ном дорад, дар баландии 1860 - 1900 аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.
Шоҳоби Хоҷобигарми дарёи Варзоб дар натиҷаи ба ҳам омезиш ёфтани рӯдҳои Обимазор ва Обиқаландар ташаккул меёбад. Чашмаҳои машҳури Хоҷобигарм дар соҳили чапи Обимазор дар майдони 4,5 гектар замин воқеъ гардидаанд. Дар ибтидо шумораи чашмаҳои гарми шифобахш 40 то буданд, ҳоло аз ин мавзеъ 20 чашма ҷорӣ мешавад. Ҳарорати оби чашмаҳо ба 45 - 90°С мерасад. Аз баъзе чашмаҳо буғи гармӣ мебарояд, ки ҳарорати он 98°С -ро ташкил медиҳад.
Баъзе маълумотҳо ба он далолат мекунанд, ки чашмаҳои гарми шифобахши Хоҷобигарм ҳанӯз дар асри VIII пеш аз мелод маълум буд ва онро зардуштимазҳабҳо парастиш мекарданд. Аввалин маълумотҳои илмии хаттӣ ба Пакатилло (1889) ва А. С. Боршев (1894) тааллуқ дорад, вале соли 1895 ин чашмаро муҳаққиқ - табиатшиноси рус В. М. Липский таҳқиқ намуда, дар асари машҳури худ „Кӯҳистони Бухоро“ (1896) тавсифи хуб додааст. Баъд аз инқилоби Октябр гурӯҳи зиёди олимони тоҷикистонию собиқ ИҶШС ба омӯзиши ҳаматарафаи чашмаҳои Хоҷобигарм пардохтанд ва оид ба самтҳои истифодаи муолиҷавии онҳо тавсияҳои судманд пешниҳод карданд. Солҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё