Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Бо мақсади самараноқ истифода бурдани лойқаҳои шифокори Чуқурқӯл, Сасиққӯл ва Шорқӯли вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон лозим аст, ки ҷиҳатҳои гуногуни ин лойқаҳоро саҳеҳ омӯхта шавад. Дар муассисаҳои тиббӣ-табобатӣ ба ғайр аз оби чашмаҳои маъданӣ, ки ин ҷо басе фаровон мебошад, истифодаи лойқаҳои шифокорро васеъ ба роҳ мондан ба манфиати кор хоҳад буд. Ҳангоми дар заминаи ин лойқаҳои шифокор ба роҳ мондани табобат дар ноҳияҳои вилоят даҳҳо ҷои кори нав пайдо мешавад, тадбирҳои табобатию тандурусти густариш, саломатии одамон беҳбудӣ, хизматрасонии тиббӣ самти нав пайдо мекунад (Ҳ. Аброров; О. Ризоева. «Маорифи Тоҷикистон». № 1. 2014, с. 60).

Дар заминаи обҳои маъданӣ ва лойқаҳои шифобахш чандин табобатгоҳҳо, осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо созмон ёфтаанд, вале онҳо нобаробар ҷойгир шудаанд, аз ин хотир барои қисме аз аҳолии ҷумҳурӣ дастрас бошанд, барои дигарашон дур воқеъ гаштаанд, рафтуомади кӯтоҳмуддат бошад, хароҷоти калонро металабад.

Дигар масъалаи ташвишовар аз он иборат аст, ки манбаъҳои табиию табобатии кишвар дар байни мардум кам ташвиқу тарғиб карда мешаванд. Аз ин лиҳоз дардмандон ва ҳочатмандон барои табобат ба куҷо рафтанашонро саҳеҳ намедонанд, барои ҳамин ҳам маблағи калон сарф карда, ба хориҷи мамлакат мераванд. Асъори дохилӣ ба хориҷи мамлакат интиқол меёбад. Агар шароити моддию маишӣ ва маданияти хизматрасонӣ дар осоишгоҳҳо ва табобатгоҳҳо хуб ба роҳ монда шавад, арзиши онҳо барои мардуми

пешина
аз 93
навбатӣ