Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
истифодабарӣ онро омехта кардан лозим аст (Х.М.Муҳаббатов, Н.Х.Хоналиев. Д. 2005. С. 55).
Дар канори тупукобаи кӯл обсабзҳо ва дар соҳил хокҳои шибарӣ ва набототи ботлоқию шибарӣ дучор мешаванд.
Шӯркӯл (Шӯркӯл) яке аз кӯлҳои калони беҷараёни Помири Шарқӣ буда, дар баландии 3780 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, ҳавзаи обғундораш 566 км², майдони сатҳаш 9,8 км², дарозиаш 6,9 км, паҳниаш 2,9 км ва умқаш 6,0 метр, умқи миёнааш 1,9 м, ҳаҷми об 19 млн. м³, шаффофиаш 0,3-0,4 м мебошад, ранги об тобиши зард дорад, зимистон сатҳи болоии кӯл ях мебандад. Оби кӯл шӯр буда хосияти баланди радиоактивӣ дорад. Реаксияи об рН 8,2-8,4 мебошад, маъданнокии оби кӯл 1269-1287 млг/л-ро ташкил медиҳад. Дараҷаи радиоактивии Шӯркӯл ва Чуқуркӯл аз 228 то ба 257 вониди эманастия дар як литр мерасад (Б.А.Бедер, Н.И.Чуршина. Д. 1976. С. 71). Чунин обҳоро бо мақсади табобат истифода бурдан мумкин аст.
Баъзе чашма ва лойкаи кӯлҳои Тоҷикистон дар таркибашон унсурҳои радиоактивӣ доранд (Хоҷаобигарм, Обигарм, Чуқуркӯлу Шӯркӯли Помири Шарқӣ).
Дар чунин таркиботҳо гази радиоактивии радон мавҷуд аст, ки он ҳангоми вайрон шудани радий дар қишри замин пайдо мешавад ва ба воситаи оби чашмаҳо ба сатҳ мебарояд.
Ҳангоми вайрон шудани радий аз худаш
ҳиссачаҳои алфа, бета ва гамма нурҳо хориҷ мекунад, ба
радон табдил меёбад, он минбаъд вайрон шуда ба гази
радони бадал мешавад. Ҳангоми қабули оби радони ва
лойқаи радони аъзои бадан то андозае нури
радиоактивӣ қабул мекунад. Гази радони тавассути

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё