Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
хлориди натрий (намаки ошӣ) афзалият дорад. Миқдори хлор 45%, CO₃ - 34%, SO₄ - 15%, Na - 100% мувофиқи таҳқиқотҳои Д.Н.Поҷоҷонов (с. 1999), ки соли 1987 гузаронида шудааст, намакнокии об дар қисмҳои алоҳида тафовут дорад.
Расми 3. Сасиккӯл дар Помири Шарқӣ
Масалан, дар соҳилҳои ҷанубу шарқ 73 г/л, дар соҳилҳои ҷанубӣ, шарқӣ ва шимолӣ ба 104-119 г/л мерасад ва таркиби химивиаш хлоридию содагӣ мебошад. Ба ин кӯл оби рӯду дарё намерезад, асосан аз обҳои зеризаминӣ ғизо мегирад. Оби чашмаҳои ба кӯл дохилшаванда маъданнокии паст доранд, аз ҷиҳати таркиби химиявӣ содавӣ (гидрокарбонату натригӣ) буда, маъданнокиашон ба 195-675 г/л мерасанд. Дар таркиби лойқаи Сасиккӯл бром, бор, фтор, кислотаи метаборат ва маргимуш мавҷуд мебошад. Гирду атрофи кӯл ҳамвор аст, тунукобаи кӯлро ботлоқ фаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё