Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ЭкологияИлмСаломатӣ
Аз аввал хондан

км2-ро фаро гирифтаанд. Аз шумораи умумии кӯлҳои Помир 25 кӯле мавҷуд аст, ки майдони фарогиритаашон аз 1 км² то ба 380 км² мерасад. Масоҳати кӯлҳои ҳавзаи дарёҳои Бартанг, Ғунд ва Помир ба 634,4 км² баробар аст ва онҳо 90,7% тамоми кӯлҳои Помир ва Помиру Олойро ташкил медиҳанд.

Кӯлҳои Помир аз ҷиҳати пайдоиши гудолашон тектонӣ, бандшуда (ярчӣ) ва пиряхӣ мешаванд. Кӯлҳои пайдоиши пиряхӣ дошта асосан дар маҳалҳои кӯҳии баландкӯҳ пайдо шудаанд. Чунин кӯлҳо дар натиҷаи бо моренаҳои (шагалу сангпораҳое мебошанд, ки ҳангоми ба нишебӣ ҳаракат карда фаромаданашон аз атроф овардаанд) охирини пиряхҳои замони қадим банд шудани дараю водиҳо пайдо шудаанд. Одатан андозаи ин навъ кӯлҳо чандон бузург нестанд, умқи зиёд надоранд, хати соҳилашон шакли муайян нагирифтаанд, як қисмашон ҷараёни озод надоранд, об аз зери моренаҳои пиряхӣ заҳида мебароянд ва шириноб мешаванд, вале қисми каме аз онҳо шӯроба ва лойқаи шифокор доранд. Ба ин қабил кӯлҳои шифокор Чуқуркӯл, Сасиккӯл ва Шоркӯл мансуб буда, дар Помири Шарқӣ воқеъ гаштаанд.

Чуқуркӯл аз сатҳи баҳр дар баландии 3952 м дар ҳавзаи Ғунд- Аличур ҷанубтар аз Яшилкӯл воқеъ гаштааст. Тӯли он 1,5 км буда, паҳноиаш ба 700 м майдони сатҳ 0,5 км² ғафсии қабати об ба 5,0 м, ҳаҷми об ба 0,8 млн. м³, умқи миёнаи об ба 1,6 м мерасад.
Тамоми зери кӯлро гил фаро гирифта аст ва он аз ду қабат иборат мебошад: а) қабати боло ранги хокистарии тира ва сиёҳ дошта, часпак мебошад, аз он ба димоғ бӯи гидрогенсулфид меоял. Ин қабати лойқа 0,2-0,3 м ғафсӣ дорад; б) қабати дуюми лойқа ранги

пешина
аз 93
навбатӣ