Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
ҳам Вазорати тандурустии Тоҷикистон, муассисаҳои илмии ба ин масъалаҳо алоқамандро лозим аст, ки минбаъд ба ин мушкилот диққат дода, баҳри омӯзиш, истифодаи босамари ҳифзи ин неъматҳои табобатии табиат чораю тадбирҳои таъхирнопазир андешанд, истифодаи онҳоро баҳри табобати беморон босамари гардонанд (Ҳ. Аброров; О. Ризоева. «Маорифи Тоҷикистон». № 1. 2014, с. 59).
Дар ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод ду кӯли хурд (ҳавзи) табиӣ мавҷуданд, ки онҳо низ шӯҳрату шаҳомати хосеро соҳиб мебошанд. Яке аз ин кӯл Сир ном дошта, дар шарқии кӯҳи Чилдухтарон, дар баландии беш аз 3 (се) ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Оби ин кӯл ширину мусаффост, яке аз ҷойҳои писандидаи сайёҳон ва осоишгирандагон ба шумори меравад. Дар фасли гарми сол ин ҷо аз сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ серодам мешавад.
3.2. Кӯли Ғӯзаҷоқ
Дар байни кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон аз қабили Оксукон, Танобчӣ, дарёкӯлҳои поёнҷараёни Панҷ, Вахш, Чӯбак, Чукуркӯл, Сасиккӯл, Шӯркӯл ва кӯли дигар Ғӯзаҷоқ, ном дошта, дар деҳаи Шаҳраки ҷамоати Кӯлчашмаи ноҳияи Мӯъминобод, дар баландии 1670 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Масоҳати ин кӯл 4,5 гектарро фаро гирифтааст, бо мавҷудияти зуллук (шуллук)-и табобатиаш дар байни сокинони гирду атроф шӯҳрати хоса дорад. Дардмандони гирду атроф, дурру наздик аз мавҷудияти ин ҷонвари шифокор огаҳӣ ёфта, баҳри табобат ин ҷо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё