Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ЭкологияИлмСаломатӣ
Аз аввал хондан

Бояд гуфт, ки омӯзиши комилан илмии гидрогеологӣ ва тиббии кӯлҳои Танобчиро бори нахуст В.С.Самарина ва В.Д.Фоменко (с. 1956-1962) ба роҳ монда буданд. Баъдан А.Малсев ва В. Малумаров ва чанде дигарон ба ин масъалаи муҳим саҳмгузорӣ намуданд.

Наздиктарин кӯли Танобчӣ ин кӯли Шарқӣ буда, он дар паси ҷарӣ воқеъ гаштааст ва чандон бузург нест. Кӯли Шарқӣ 350 м дарозӣ ва 150 м паҳнӣ, кӯли Ғарбӣ 300 м тӯл ва 170 м паҳнӣ дорад, ғафсии миёнаи лойқа барои кӯли Шарқӣ 0,70 м ва барои кӯли Ғарбӣ 0,50 м-ро ташкил медиҳад. Аз боло лойқаро қабати тунуки намаки (то 0,10 м) сафеди кристаллӣ пӯшидааст. Ранги лойқаи кӯл сиёҳ, хокистарранги тира, равғанӣ ва хокистарнамо буда, аз онҳо бӯи гидрогенсулфид ба димог мерасад. Лойқаи муолиҷавии кӯлҳои Танобчӣ ба мисли дигар кӯлҳои давой аз ҳисоби маводи атрофи кӯл, ки онҳоро обҳои сатҳи шӯста ба кӯл меоваранд, ҷинсҳои кӯҳии канори кӯл, намакҳои гуногун, чангу ғубори «афгонӣ» ва ғайра моддаҳои маъданӣ ташкил медиҳанд. Моддаҳои органикӣ бошанд аз ҳисоби бақияи вайрон шудаи мавҷудоти зиндаи кӯл ташаккул меёбанд. Ғафсии лойқаи давоии Ғарбӣ ба 10 см ва Шарқӣ то ба 30 см мерасад.

Каму зиёд шудани сатҳи оби кӯлҳо ва ҳам умқи онҳо ба чашмаҳо ва ҳам ба бориши атмосферӣ вобаста мебошанд. Бинобарон дар фасли зимистон ва баҳор ҳангоми сербориши умқи ин кӯлҳо ба 1,5-2 м мерасад.

Обҳои зеризаминӣ дар мавзеи кӯлҳои Танобчӣ дар умқи 50-70 м, хобидаанд. Чашмаи ягонае, ки обаш ба таври чакрагӣ мечакад, маъданнокиаш 150 г/л-ро ташкил медиҳад. Аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ба типи сулфатию натригӣ мансуб аст. Аз микроэлементҳо дар

пешина
аз 93
навбатӣ