Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
БОБИ III. КӮЛҲОИ КАРСТӢ ВА ПИРЯХИИ МУОЛИҶАВӢ
Карст маҷмӯи ҳодисаҳои зери таъсири омилҳои обию химиявӣ вайрон шудани ҷинсҳои кӯҳӣ - оҳаксанг, доломит, гач ва намак мебошад. Зери ҳаракати обҳои сатҳӣ ва зеризаминӣ холигиҳои шакл ва андозаашон гуногун (гору магораҳо, чоҳҳо, қифҳо ва ғайра), инчунин шаклҳои хоси рельефи карстӣ: қифҳо, фурӯрафтаҳо, хамиҳо, чоҳҳо, дарёҳо ва кӯлҳои зеризаминӣ пайдо мешаванд. Ҳодисаи карст дар ҷинсҳои лиёссӣ, хокҳои сернамак, мавзеъҳои намакдору гаҷдори Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ бештар ба мушоҳида мерасад. Масалан, ин навъ ҳодисаҳоро дар атрофи Норак, Лохур, Данғара, Олимтой, ноҳияи Темурмалик, дар сатҳи гумбазҳои намаки Хоҷамӯъмин, Хоҷасартез, кӯли Афғонделӣ (15-20 км. аз ш. Кӯлоб), Истан (дар кӯҳи Гулизиндони Рашт), Лангари Моҳиён (н. Исфара) ва ғайра хубтар мушоҳида кардан мумкин аст. Дар маҳалҳои боло номбурдаи Тоҷикистон боз чандин кӯлҳои пайдоиши карстӣ дошта дучор мешаванд. Чанде аз кӯлҳои пайдоиши карстӣ дошта бо мавҷудияти лойқаи муолиҷавиашон дер боз маълуманд ва сокинони атроф аз ин маводи муолиҷавӣ низ бархӯрдор мебошанд. Баъзе аз онҳоро дар мисоли кӯлҳои карстии музофоти Кӯлоб тавсиф менамоем.
3.1. Кӯлҳои карстии музофоти Кӯлоб
Якчанд кӯлҳои на он қадар калони карстӣ дар музофоти Кӯлоб дар пуштакӯҳи Хоҷасартез, инчунин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё