Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

СаломатӣЭкологияИлм
Аз аввал хондан

солҳои охир бошад, ба решаи ин дарахтон теша зада шуд. Биноан, олами ҳайвонот низ камшумор гардид. Агар ибтидои асри 20 дар сатҳи ин гумбаз 300 сар гӯсфанди ёвой ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар нимаи дуюми асри 20 фақат якчанд ҷуфти онҳо ба мушоҳида расидаанд. Теъдоди бузҳои кӯҳӣ ба нестӣ расидааст.

Бояд гуфт, ки то ба имрӯз захираи намак, оби рӯдҳои шифобахш ва ғорҳои намакӣ, ки хосияти шифобахшандагӣ доранд, самаранок истифода намешаванд. Вақти он расидааст, ки ин захираҳо минбаъд ба таври маҷмӯъ истифода шаванд.

Хотирнишон менамоем, ки ҳанӯз аз соли 1968 дар ғори намакии Солотвинои Паси Карпати Украина ва соли 1981 дар ғор-нақби Чон-Тузи Қирғизистон ғортабобат ба роҳ монда шудааст. Дар ин ғорҳои намакӣ беморон диққи нафаси музмин ва беморони асабро чун ҷойи орому сокит ҷойгир намуда, истифода мебаранд, натиҷаи хуб медиҳад. Агар дар ғорҳои намакдор, чунин беморон се рӯз 2 соат шинанд табобат меёбанд.

Чанд сол қабл дар яке аз ҷаласаҳои Вазорати нигоҳдории тандурустии Тоҷикистон масъалаи дар заминаи яке аз ғорҳои намакии Хоҷамӯмин таъсиси маркази табобатӣ мавриди баҳс қарор гирифта буд ва мебоист солҳои наздик дармонгоҳ созмон дода мешуд. Аз байн беш аз 20 сол гузашта бошад ҳам, ин масъала то кунун ҳаллу фасли худро наёфтааст. Минбаъд мутасаддиёнро лозим аст, ки ба ҳалли ин масъала баргашта, онро мусбат ҳал намоянд.

Дар як қатор мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон ғорҳо ва нақбҳои қадима ва навро ҳамчун объекти сайёҳӣ

пешина
аз 93
навбатӣ