Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
омадаанд. Ба хоҳиши вазифаҳои амалии инкишофи забони адабии имрӯзаи тоҷикӣ баъзе аз он қоидаҳоро аз нав аз назар гузаронем, беҳтар аст. Яке аз онҳо, ки назарназарӣ мехоҳад, қоидаи феъли ёвари «кардан» мебошад.
Забоншиносон ба эродҳои камина ҷавоб гуфтанд ва барои ифодаи мафъулият ҳатман зарур будани иштироки «кардан»-ро таъкид намуданд, вале чунин ба назар мерасад, ки дар ҷавоби онҳо далелу бурҳони тозае мавҷуд набуд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки Р. Ғаффоров дар охир чунин таклифе пеш ниҳод: «Ин шакл... бигузор бо муродифи худ—дар иҷрои вазифаи шакли мафъул омадани шакли фоил ба тарзи мувозӣ истеъмол шудан гирад». Ва илова намуд: «Гузашти рӯзгор худ муайян хоҳад кард, ки ба хотири нигоҳ доштани сабукӣ ва ҳусни ҷумла тарк намудани он аз забон ҳатмист ё не».
Ба фикри мо, ба чунин фикр омадани яке аз забоншиносони намоёни мо, яъне ба тарқи «карда» қисман розӣгӣ додани ӯ худ муваффақияти калонест. Ин ҷо барои мо эътироф шудани баробарҳуқуқии ҳар ду шакл хеле муҳим аст. Аз ин эътироф умеде пайдо мешавад, ки шояд дар оянда боз як қадам пеш гузошта ва ғайр аз ғайри мавридҳо дар аксари ҳол зарурат надоштани «карда» низ эътироф гардад.
Лекин ҳалли масъаларо ба рафти худӣ ба худин поқнаҳо ва мурури замон вогузоштан лозим нест. Ба умеди ин, ки масъала худ ба худ ҳал мешудагист, набояд нишинем. Моҳияти масъаларо ба навкаламон ва донишҷӯён ҳаматарафа ва гаштаву баргашта фаҳмондан даркор аст, то ки аз рӯйи огоҳӣ ақидае пайдо кунанд ва ин ақида ба кадом тараф ки майл дошта бошад, он тарафро гиранд.
Р. Ғаффоров ба ин муносибат боз гуфтааст: «Феъли ёвари кардан яке аз воситаҳои фарқкунандаи забони миллии тоҷикӣ аз забонҳои дигари эронист. Бино бар ин ки вай дар дигар забонҳои эронӣ кор фармуда намешавад, аз забони тоҷикӣ сокит намудани онро таклиф намудан низ дуруст нест».
Ин ҷо дахл шудани масъалаи хусусиятҳое, ки забони миллии тоҷикиро аз дигар забонҳои эронӣ фарқ мекунонанд, инчунин хоҳиши эҳтиёткорона наздик шудан ба ин хусусиятҳо хеле муҳим аст. Мо ҳам таъкид кардан мехоҳем, ки аксари махсусиятҳои забони тоҷикӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё