Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳуҷраи меросӣ дар байни ду бародар тақсим шуд», «Ман ҳам дар он тӯй барои хизмат кардан даъват шуда будам»; «Бародаронам дар вақти аз тарафи русҳо ишғол шудани Уротеппа ба Бухоро кӯчидаанд».

Феъли маҷҳули ҳамаи ин ҷумлаҳо феълҳоеанд, ки аҳли матбуоти имрӯза одатан ба онҳо як «карда» илова менамоянд, аммо Айнӣ ин корро накардааст.

Гоҳ дар ҷумлаҳои устод Айнӣ ҳам «карда»-и барзиёд дида мешавад. Чунончи ин се ҷумларо мулоҳиза намоем: «Аз рӯйи одати дарсҳои Бухоро дар ҳар гурӯҳе... як нафарашон қории ҷамоа таъин мешуд. Қориёни ҷамоа одатан аз муллозодаҳо таъин карда мешуданд... Дар ҷамоаи мо Ғафурҷон-махдум... корӣ таъин шуд». Ин ҷо дар хабари ҷумлаи дувум «карда»
зиёдатист. Зиёдатӣ будани он аз он ҷо маълум аст, ки дар ҷумлаи якум ва севум айни матлаб аз ғайри «карда» адо шудааст. Бино бар он дар ҷумлаи дувум низ онро зикр накардан мумкин буд.

Фаромӯш набояд кард, ки агар аз феъли кардани шакли маҷҳул ҳосил намудан лозим ояд, гоҳ зикри карда зарур аст. Баъзан то «карда»-ро зикр накунем, мақсад ифода намеёбад, он гоҳ аз «карда» гузир нест ва зикри он ҳатмист.

Чунончи агар аз ҷумлаи зерин «карда» партофта шавад, маънои ҷумла тағйир меёбад: «Гунаҳгор ба шутур савор карда шуда дар шаҳр гардонда шавад» (С.
Айнӣ). Ин ҷумла ду хабар дорад: «савор карда шуда»
ва «гардонда шавад». Азбаски хабари дувум феъли маҷҳул аст (ва ба шакли маҷҳул омадани он зарур аст), ҳатман ба шакли маҷҳул омадани хабари якумро тақозо намудааст. Агар аз хабари якум «карда»-ро тарк менамудем, маъно нуқсон медид, зеро номаълум мемонд, ки дар вақти сангсор худи гунаҳгор ба шутур савор мешавад ё касе ӯро савор хоҳад кард. Ва ҳол он ки масъалаи ин ки худи гунаҳгор савор мешавад ё ӯро бо зӯр савор мекунанд, ин ҷо аҳамияти махсус дорад ва онро таъкид кардан лозим аст. Он «карда» ба вазифаи таъкиди махсус омадааст, агар онро партоем, таъкид аз байн меравад.

Аз ҷумлаҳои зерини Айнӣ ҳам «карда»-ро фурӯгузор намудан мумкин нест: «Ҷойнамози маллае бар болои чор қабат кӯрпачаи серлахта паҳн карда шуда буд»; «Нусхаҳои он шеърҳо... аз тарафи худам нест карда шудаанд».

пешина
аз 393
навбатӣ