Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

маърака гузарондан, тафтиш гузарондан, вохӯрӣ гузарондан, сӯҳбат гузарондан, машварат гузарондан, тарғибот гузарондан, интихоб гузарондан, тадқиқот гузарондан, намоиш гузарондан, дарс гузарондан, таҷриба гузарондан, хониш гузарондан, бозӣ гузарондан, нишон гузарондан, шабнишинӣ гузарондан ва мисоли инҳо. Хуллас, ки қариб исме намондааст, ки онро ба «гузарондан» часпонда, феъли наве насохта бошанд.

Дар забони арабӣ ва халқии тоҷикӣ баъзе таркибҳои феълӣ ҳаст, ки бо феъли «гузарондан» сохта шудааст. Масалан, иборае ҳаст, ки мегӯянд: «Ӯ охир гапашро гузаронд». Асли ин ибора гап гузарондан аст. Ба ҳамин қиёс фикр гузарондан, раъй гузарондан низ омадааст.

Дар ин таркибҳои халқӣ феъли «гузарондан» ба зӯрӣ ва бо азоб воқеъ шудани кореро ифода мекунад.
Ба туфайли тобиши маъно дар баъзе таркибҳо (чунончи рӯзгузарондан) фақат гоҳ дида шавад ҳам, дар баъзе таркибҳо (масалан, дар гап гузарондан, фикр ва раъй гузарондан) нақши асосӣ дорад: гап гузарондан — бо исрори махсус гап маъқул кунондан аст.

Ин маъно аз баъзе ибораҳои дигари халқӣ ҳам дида мешавад. Масалан, дар ҷумлаҳои гуфтугӯйии «тӯйро гузаронем» ё «маъракаро ҳарчӣ бечанҷол гузарондем» маънои фориғ шудан, паси сар кардан ҳис мегардад. Дар вақти ба тӯй таклиф кардани касе дар хати тӯй таҳминан чунин менавиштанд: «Як муҳимми хайр дорем, илтимос ин аст, ки омада онро гузаронед», яъне заҳмати омадан ва дар тӯй иштирок карданро ба уҳда гиред, яъне ин ҷо ҳам андаке маънои заҳмат ва азоб кашидан ҳаст. Ё ба мӯйсафедони кордони маҳалла муроҷиат карда мегӯянд: «Илтимос дорем, ки тӯйи моро гузаронда диҳед». Дар ин ҷумла ҳам маънои заҳмат кашидан то андозае ба назар гирифта шудааст.

Маънои паси сар кардан аз ин ҷумлаи Айнӣ ҳам фаҳмида мешавад: «Давраҳои охирини айёми таҳсили мадрасагии худро мегузаронид».

Албатта, феъли «гузарондан» ҳама вақт ин гуна маъно намедиҳад, балки маъниҳои дигар ҳам дорад, лекин тобиши маънои мазкур яке аз хусусиятҳои муҳимми он аст.

Ин хусусияти муҳимми таркибҳоеро, ки аз як исм
ва феъли «гузарондан» сохта шудаанд, фаромӯш кардан

пешина
аз 393
навбатӣ