Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
билакно қаноат кардан баробари он аст, ки нонро пешни овдем.
ҒАЙР АЗ «ГУЗАРОНИДАН» ҲАМ ФЕЪЛЕ
ҲАСТ Ё НЕ?
Ҳангоме ки рӯзномаҳои тоҷикиро аз назар мегузаронем ё радио мешунавем ва ё намоиши телевизионро тамошо мекунем ва ё ки китобҳои тарҷумаро мутолиа мекунем, гоҳо тасаввуре пайдо мешавад, ки гӯё дар забони тоҷикӣ ғайр аз феъли гузарондан феъле нест.
Ходимони матбуот кӯшиш мекунанд, ки ҳамаи ҷумлаҳояшон бо «гузарондан» сохта шавад, ҳамаи матлабҳо бо ҳамин феъл адо гардад. Онҳо ин феълро чунон дӯст доштаанд, ки ҳамаи феълҳои дигарро ба бойгонии забон супурдани ва ҳокимияти мутлақро ба дасти ҳамин феъл додани ҳастанд.
Ягон деҳқони тоҷик намегӯяд, ки «ман шудгор гузаронидам», аммо аҳли матбуоти мо мегӯянд. Онҳо «шудгор кардан»-ро қариб фаромӯш кардаанд ва фақат гоҳ-гоҳ ба хотир меоранд.
Ягон зони тоҷик нагуфтааст, ки «ман имрӯз ҷомашӯйӣ мегузаронам». Аммо муаллифону муҳаррирони мо ҳамин тавр мегӯянд ва эҳтимол хурсанд бошанд, ки аз феъли муқаррарии «ҷомашӯйӣ кардан» гурехта, феъли дабдабаноке ихтироъ намудаанд.
Аз он ҳама ибораҳои феълии аҷибу ғариб, ки бо
феъли «гузарондан» сохта шудаанд, чанд мисол овардан мехоҳем: сиёсат гузаронидан: «Онҳо сиёсати боз
ҳам бештар беҳаёнаи ҳуҷумкунӣ гузаронданд», «Онҳо
ба роҳи гузаронидани сиёсати бетарафӣ гузаштанд»;
ҳисобот гузарондан: «Ҳисоботе, ки 20 январ гузаронда шуда буд...»; роҳ гузарондан: «Ӯ роҳи мустамликадориро мегузаронад»; ҷанг гузарондан: «Воситаҳои
гузаронидани ҷангро нест кардан лозим аст»; ракетасардиҳӣ гузарондан: «Ракетасардиҳӣ гузаронда мешавад»; қабскунӣ гузарондан: «Ба ин ҷо омадаанду боз
нофтукону қабскуниҳо мегузарондаанд»; хароҷот гузарондан: «Тамоми хароҷот аз ҳисоби он маблағҳое
гузаронда мешавад, ки...», кор гузарондан: «Кори бузург гузаронда шуда истодааст», «Корҳои пармакунӣ
гузарондан лозим аст»; «Дар республика кори зиёде
гузаронда шудааст»; парвоз гузарондан: «Плани гузаронидани парвозҳои разведкавӣ тартиб дода шудааст»;
71

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё