Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«Абдулаҳад худро ҳомии илму адаб ба қалам медод».

Каламдод кардан, ки муродифи ба қалам додан аст, дар ин ҷумлаи Р. Ҳодизода тобиши манфӣ, яъне понамуд карданро дорад:
«Шоирони дарбор амирро каси фозил ва шоири бенато қаламдод мекарданд». (Дар ин ҷумла «кас»
зиёдатист).

Аммо дар ин ҷумлаи Ҷ. Икромӣ ба қалам додан ҳеҷ маънии манфӣ надорад:
«Нависанда пеш аз ҳама садҳо саҳифа мехонаду баъд як саҳифа ба қалам медиҳад». Ин ҷо ба қалам додан ба маънои навиштан аст ва тобиши манфӣ надорад.

Ин тарз ба маънои мусбат омадани феълҳои ба қалам додан ва қаламдод кардан хилофи маънии аслии онҳо нест ва аз ин рӯ, бояд мавриди эътироз қарор нагирад.

Бо вуҷуди ин мо ҳоло маҳз маънии манфии онро таъкидан гӯшрас кардан мехоҳем. Имрӯз гоҳ ҳамин тобиши манфии он ба эътибор гирифта намешавад: аз баъзе ҷумлаҳо, ки бо феъли ба қалам додан омадаанд, ба ҷойи маънои мусбат маънои манфӣ ҳосил мегардад ва гоҳ маълум нест, ки муаллиф назарӣ мусбат дорад ё манфӣ. Бино бар ин дар истифодаи онҳо эҳтиёти махсус зарур аст.

  1. Дигар чизе, ки махсусан таъкид кардан мехоҳем,
    ин аст, ки имрӯзҳо ба сабаби номаълуме ба қалам додан ва қаламдод кардан бо чун ва ҳамчун зикр мешавад. Масалан, ба ин тарз:
    «Ҳофизро чун ғазалсарои номӣ ба қалам додаанд».

Ба ин ҷумла ду эрод гирифтан мумкин аст. Аввал ин ки чун зарурате надорад, онро партофтан даркор буд. Соии ин ки ба қалам додан чунон омадааст, ки гӯё Ҳофиз ғазалсарои номӣ набуд, вале чунин вонамуд кардаанд. Барои ин ки чунин маъӣ ҳосил нашавад, ҷумларо, чунончи, ин тарз таҳрир кардан беҳтар буд:
Ҳофизро ғазалсарои номӣ ба қалам гирифтаанд (ё ба қалам овардаанд).

Чун ва ҳамчун дар ин ҷумлаҳо ҳам зиёдатист:
«Бой Беҳзодро чун навовар дар санъати миниётурии Шарқ ба қалам медиҳад».
«Ӯ рӯҳониёнро ҳамчун вайронкунандагони қонунҳои шариат ба қалам додааст».

пешина
аз 393
навбатӣ