Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

онҳоро худ битирад. Азбаски тафаккури қолибии мо ба «худро дорад» одат кардааст, ҳар дафъа ки ба он эҳтиёҷ меафтад, бояд андаке андеша биронем, ки шояд дар ин маврид, маҳз дар ҳамин матн ягон шакли дигари баён ба рафти сухан мувофиқтар бошад. Зеро ҳар фикрро мувофиқи маврид ҳар дафъа ба тарзи дигаре ба забон овардан яке аз шартҳои асосии қаламронист. Камина ин ҷо панҷ тарзи баёнро, ки муодили «худро дорад» мебошад, зикр кардам. Бешубҳа, агар дигар рафиқон ҳам муодили онро ҷӯянд, боз тарзҳои дигаре хоҳанд ёфт. Пас ҳамин қадар гуногуниву рангорангиро ба як қолиб иваз кардан ҳатман забон ва тафаккури моро ба якрангиву маҳдудият хоҳад кашид.
Мурғи фикрро дар қафаси танг нигоҳ доштан гуноҳ аст. Илҳоми баланд аз парвози озодона ҳосил мешавад.

«ЧУН» ВА «ҲАМЧУН»-ҲОИ ЗИЁДАТӢ

Дар навиштаҳои имрӯза калимаҳои чун ва ҳамчун аксаран дар мавридҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ нест, ба кор мераванд. Чунончи, ба ин тарз:
«Онҳо амирро ҳамчун сояи Худо меҳисобиданд».
«Онҳоро ҳамчун варзишгарони боумед мешумурданд».
«Шоир бояд ҳамчун вориси ҳақиқии гузаштагони худ бошад».
«Қаҳрамон ҳиллаи Мирзоро чун шӯхӣ донист».
«Ин суханони ҳалвогарро чун лофи фурӯшанда шумурд».
«Ӯро ҳамчун як шахси мӯътабар медонистанд».
Агар аз ин ҷумлаҳо ҳамчун ва чун партофта шавад, оё ифодаи маънӣ халале мебинад? Не, ягон ҷумла зараре намеёбад. Пас чаро ба назари муаллифон зикри ҳамчун ва чун зарур намудааст? Ҷавоби ин суол маълум нест. Тамоман маълум нест, ки чун ва ҳамчун дар чунин ҷумлаҳо чаро омадааст ва чӣ вазифа дорад.
Модомки ин ҷо чун ва ҳамчун вазифае иҷро накардааст ва бидуни онҳо ҳам маънӣ пурра ифода мегардад, мо онҳоро зиёдатӣ мешуморем.
Аз баъзе ҷумлаҳое, ки калонтаранд, зиёдатӣ будани чун ва ҳамчун-ро пай бурдан душвортар аст. Вале ба ҳар ҳол мумкин аст. Чунончи:

пешина
аз 393
навбатӣ