Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«Ин гуна хислати инсондӯстӣ дар симои подшоҳони асри XIV мавҷуд набуд» (дар ин ҷумла симо ҳам беҷо ба кор рафтааст: дар тинати подшоҳон, дар табиати подшоҳон ва чизе монанди ин гуфтан лозим буд).
«Ҷойи хислати саховатмандии ӯро ҳисси ҳарисӣ гирифт». Ва ҳоказо.
Агар аз ин ҷумлаҳо калимаи хислат ва аз ҷумлаи охир калимаи ҳисро ҳам фурӯгузор кунем, маъно зараре намебинад. Худ аз худ маълум аст, ки ғарибнавозӣ, инсондӯстӣ, саховатмандӣ ва ғайра аз хислатҳои инсон аст. Модомки ин худ аз худ маълум аст, барои таъкидан зикр кардани хислат эҳтиёҷе намемонад. Он чӣ аён аст, ҳоҷати баён нест.
«ХУД»-ҲОИ БАРЗИЁД
Рӯзе раиси як маҷлис барои ба овоз гузоштани таклифе гуфт: «Ҳар кас тарафдори ин таклиф бошад, дасти худро бардорад». Як рафиқи хуштабъ аз нуқсони ин ҷумла пай бурд ва шӯхиомез гуфт: «Рафиқон, ҳушёр бошед, ки дасти каси дигарро набардоред, фақат дасти худро бардоред».
Оре, сухани раиси маҷлис бемантиқ буд. Худ аз худ маълум аст, ки дар вақти овоз додан ҳар кас дасти худро хоҳад бардошт, на дасти каси дигареро. Бинобар ин ба таъкид овардани калимаи «худ» зарур нест. Аз раис лозим буд, ки бигӯяд: «Ҳар кас тарафдори ин таклиф бошад, даст бардорад».
Мутаассифона, соҳиби аслии ин хато он раиси маҷлис набуд, балки ӯ ғалати машҳуреро, ки дар матбуоти мо хеле паҳн шудааст, такрор кард. Магар ҷумлаҳои зерин дар бемантиқӣ монанди гапи он раис нестанд:
«Халқҳо аз империалистон талаб мекунанд, ки дасти худро аз мамлакатҳои Осиё ва Африка кашанд!», «Ӯ асари худро навишт», «Вай диссертатсияи худро ҳимоя кард» ва ҳоказо.
Мантиқи ин ҷумлаҳоро ҳам калимаи «худ» вайрон кардааст. «Аз мамлакатҳои Осиё ва Африқо даст кашанд», «асар навишт», «диссертатсия ҳимоя кард» гуфтан лозим буд.
Ё ки ҷумлаҳои зеринро бинем:
«Дар остонаи ҳаёт аввалин қадамҳои худро мегузорад»,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё